Ҷустуҷу
-
Jun 29, 2019
Вазорати омӯзиши Русия барномаи ҷазби муаллим барои тадрис дар мактабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро оғоз кард.
-
Jun 29, 2019
Ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), набераи гиромии расули Худо (с) ва пешвои мусалмонони ҷаҳон, пайкарҳои поку мутаҳҳари 150 шаҳид дар 16 шаҳри Эрони исломӣ ташйиъ ва хоксупорӣ шуданд.
-
Jun 30, 2019
“Дар сӯги усваи сабр ва садоқат” барномаест, ки ба муносибати солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а), набераи гаронқадри паёмбари гиромии ислом (с) дар радиои тоҷикии Садои Хуросон таҳия шудааст.
-
Jun 28, 2019
Нишасти давраии гардишгарии кишварҳои узви кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ рӯзҳои 9 ва 10 июл дар Самарқанд баргузор ва дар ҳошияи он нахустин намоишгоҳи гардишгарӣ низ барпо мешавад.
-
Jun 28, 2019
Дабири кулли Созмони Милалли Муттаҳид аз ташдиди таниш дар минтақаи Халиҷи Форс ибрози нигаронӣ кард.
-
Jun 28, 2019
Чорумин нишасти сарони Ҷи 20 субҳи имрӯз ҷумъа дар сояи ихтилофҳои тиҷории Амрико бо бархе кишварҳои узви нишаст дар шаҳри Osaka дар ғарби Ҷопон оғоз шуд.
-
Jun 28, 2019
Созмони дидабони ҳуқуқи башар ҳушдор дод, сиёсатҳои сахтгиронаи раиси ҷумҳурии Амрико алайҳи муҳоҷирон, ба марги онҳо мунҷар мешавад.
-
Jun 28, 2019
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо судури паёме,бомбаборони шимёии Сардашт дар шимол ғарби Эрон ро доғи сиёҳе дар таърихи муосир унвон кард.
-
Jun 27, 2019
Сарпарасти Пойгоҳи истиноди ҷаҳони Ислом гуфт, бар асоси охирин омори рутбабандии Шанхай 32 донишгоҳи эронӣ дар ҷамъи беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон қарор гирифтанд.
-
Jun 27, 2019
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон имрӯз дар маросими ҷашни Рӯзи ваҳдати миллии ин кишвар дар сафорати Тоҷикистон дар Эрон гуфт, иллати шикасти давлати Сомониён дар ҳазор сол пеш вуҷуди тафриқа ва набуди ваҳдати миллӣ будааст.
-
Jun 27, 2019
Маросими ташъйиъи пайкарҳои мутаҳҳари 150 шаҳиди тоза пайдо шуда даврони дифои муқаддас бо ҳузури хонаводаҳои муаззами шуҳадо ва мардуми Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.
-
Jun 27, 2019
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон, иддаоҳо ва иттиҳомоти беасоси вазири хориҷаи Амрикоро алайҳи Эрон бино бар нақши Теҳрон дар тахриби раванди сулҳи Афғонистон рад кард.
-
Jun 27, 2019
Падари доғдидаи тоҷик, ки ба тозагӣ фарзанди навҷавонашро бар асари бемории саратони хун аз даст додааст, таъсиси бонки иттилооти хун дар Тоҷикистонро хостор шуд.
-
Jun 27, 2019
Намояндаи доимӣ Эрон дар Созмони Милалли муттаҳид ҳушдор дод,Эрон аз ин пас наметавонад ва набояд бори ҳифзи Барҷом ро ба танҳоӣ ба душ бикашад.
-
Jun 27, 2019
Давлати Туркманистон аз баргузории нахустин Ҳамоиши иқтисодии кишварҳои ҳошияи Хазар бо мушорикати панҷ кишвари соҳили ин дарёча дар минтақаи гардишгарии Овоза хабар дод.
-
Jun 27, 2019
Имрӯ 27 июн бисту дуввумин солгарди имзои тавофуқномаи сулҳу рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон аст ва ба ҳамин муносибат шаби гузашта ҳамзамон бо саросаи ин кишвар ҷашни бошукуҳе дар минтақаи Рашт баргузор шуд.
-
Jun 26, 2019
Дар поёни шашумин давр аз музокироти Толибон ва Амрико эълом шуд, ки ҷонибҳо барои таҳияи пешнависи тарҳи созиши Толибон ва Вашингтон, ки мароҳили хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон, оташбаси умумимиллӣ ва оғози музокироти байнулафғониро шомил мешуд, ба тавофуқ расиданд.
-
Jun 26, 2019
Инфиҷори ду рӯзи пеш дар анбори муҳиммот дар ҷануби Қазоқистон 350 гумшуда барҷой гузоштааст.
-
Jun 26, 2019
Вазири умури хориҷаи Русия бар коҳиши танишҳо дар минтақаи халиҷи Форс аз тариқи гуфтугӯ таъкид кард.
-
Jun 26, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон ба дунболи ҷанг ва даргирӣ дар минтақа нест, аммо иҷозаи таҷовуз ба марзҳои худро ҳам ба душманон намедиҳад.