Ҷустуҷу
-
Jul 27, 2017
Дар ҳоле, ки мақомҳои давлати Бишкек, пойгоҳи низомии Амрикоро таҳдиде барои амнияти Қирғизистон эълом кардаанд, раисҷумҳури ин кишвар аз Русия барои истиқрори пойгоҳи низомӣ даъват кардааст.
-
Jul 26, 2017
Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Рушди Осиё аз додани кӯмаки молӣ ба Тоҷикистон худдорӣ карданд.
-
Jul 25, 2017
Гумрукчиёни тоҷик аз қочоқи маводи доруворӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.
-
Jul 25, 2017
Баррасиҳои илмии анҷомшуда нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишваре дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки камтарин мизони олояндаҳои муҳити зисти минтақаро ба худ ихтисос додаанд.
-
Jul 23, 2017
Ахиран дар дидори мақомоти Тоҷикистону Покистон дар нишасти 4 ҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон дар Душанбе, миёни Покистону Тоҷикистон се санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки роҳро барои ҳамкориҳои бештари ин ду кишвар ҳамвортар мекунад.
-
Jul 23, 2017
Яке аз раҳбарони оппозисияи Тоҷикистон иддао кард, мақомоти ин кишвар наздикони фаъолони оппозисияи хориҷ аз кишварро таҳдид мекунанд.
-
Jul 23, 2017
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017» дар Душанбе, мол ва маҳсулоти беш аз 10 кишвари ҷаҳон ба намоиш гузошта мешавад.
-
Jul 23, 2017
Сумангул Тағойзода- вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран аз музокира бо кишварҳои Кувейт, Қатар ва Иморот барои эъзоми коргарони муҳоҷири тоҷик ба ин кишварҳо хабар дод, ки бо вокунишҳои зиёде дар расонаҳои хабарии минтақа рӯ ба рӯ гардидааст.
-
Jul 23, 2017
Аксари масъулини ширкатҳои гардишгарӣ дар Тоҷикистон мӯътақиданд, ки бо вуҷуди осониҳои дода шуда, тайи солҳои ахир ба ин марокиз барои ҷазби бештари сиёҳони хориҷӣ, ҳанӯз ҳам монеаҳои зиёде мӯҷиби рушд накардани ин бахш мегардад.
-
Jul 22, 2017
Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз иҷрои тарҳи таҳияи либоси миллӣ барои занони тоҷик, бо ҳадафи пешгирӣ аз бегонагароӣ хабар дод.
-
Jul 22, 2017
Бонки ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ дар заминаи рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2017, аз кунд шудани рушд иқтисоди ин кишвар хабар додааст.
-
Jul 22, 2017
Вазири умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 228 шаҳрванди ин ҷумҳурӣ дар шаш моҳи нахусти имсол ба иттиҳоми терроризм хабар дод.
-
Jul 21, 2017
Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз пирӯзии ин ниҳод дар баҳсҳои додгоҳӣ бо ширкатҳои мобилии “Тcell” ва “Beeline” дар ин кишвар хабар дод.
-
Jul 20, 2017
Раиси Анҷумани коршиносони улуми сиёсии Тоҷикистон гуфт, иллати инсирофи Арабистон аз сармоягузорӣ дар сохти маҷмаи Маҷлиси Тоҷикистонро бояд дар бурузи буҳрони Риёз бо Доҳа ҷустуҷӯ кард.
-
Jul 19, 2017
Дутобеиятиҳо аз ин ба баъд наметавонанд намояндаи Парлумони Тоҷикистон шаванд.
-
Jul 19, 2017
Расонаҳои Тоҷикистон аз таъйини Зарина Раҳмон, яке дигар аз фарзандони Эмомалӣ Раҳмон ба унвони муовини раиси бузургтарин бонки ин кишвар хабар доданд.
-
Jul 18, 2017
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, агарчи Тоҷикистон нисбат ба Эрон дучори сӯитафоҳум шудааст, аммо давлати Душанбе дӯсти беҳтару қудратмандтаре аз Теҳрон дар минтақа пайдо нахоҳад кард.
-
Jul 18, 2017
Насим Олимзода супориш додааст, ки пушидани либосҳои бегона дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ба хусус дар муассисаҳои таълимии тиббӣ аз байн бурда шавад.
-
Jul 16, 2017
Бо вуҷуди иддаои мақомоти Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар бораи пӯшиши тамоми қаламрави ин кишвар бо барномаҳои шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ, сокинони манотиқи марзӣ бо Узбакистон ҳанӯз ҳам наметавонанд ин барномаҳоро бубинанд.