Ҷустуҷу
-
Nov 24, 2016
Мақомоти соҳаи тандурустии Яман бори дигар кӯмаки ҷомеаи байналмилалиро барои таваққуфи ҳамалоти Арабистон зидди мардуми Яман хостор шуданд.
-
Nov 24, 2016
Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико аз раисҷумҳури тозаинхоби ин кишвар хост, то тавофуқи ҳастаии “Гурӯҳи 5+1”-ро бо Эрон иҷро кунад.
-
Nov 24, 2016
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом кардааст, ки то авохири моҳи ноябри имсол дар ин кишвар ба андозаи 85 дарсад аз барномаи давлатии пахта бардошт шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл бештар мебошад.
-
Nov 24, 2016
Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон бо иҷрои як назарсанҷӣ аз фаъолони бахши хусусӣ, омилҳои рушд накардани тиҷорат дар ин кишварро мушаххас кардааст.
-
Nov 23, 2016
Ширкаткунандагон дар ҳамоиши баррасии дурнмои узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар Душанбе бар аҳамияти пайвастани ин кишвар ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ барои коргарони муҳоҷир тоҷик таъкид кардаанд.
-
Nov 23, 2016
Созмони дидабони ҳуқуқ башар дар бораи сиёсати Иттиҳодияи Аврупо дар баробари паноҳҷӯён ҳушдор дод.
-
Nov 23, 2016
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон таъкид карданд: Иҷрои тамдиди таҳримҳои 10-сола қатъан нақзи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) аст.
-
Nov 23, 2016
Бо вуҷуди шуруи зудҳангоми фасли сармо ва бориши барф дар ин кишвар, токунун барои мардуми шаҳри Душанбе мушкилоти хосе ба вуҷуд наёмадааст.
-
Nov 23, 2016
Додситони Девони кайфарии байналмилалӣ талош дорад, террористҳои узви гурӯҳи ДИИШ-ро муҳокима кунад.
-
Nov 23, 2016
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ҳаводиси дардноки минтақа ва нақши бархе қудратҳо дар таҳмили ҷанг бар миллатҳо таъкид карданд: Эрон ҳамвора кишварҳои мустақилро ба нақшофаринии фаъол дар муқобила бо фишор бар миллатҳо фаро хонда ва аз онҳо хостааст, ки сокит ва тамошочӣ набошанд.
-
Nov 23, 2016
Муовини нахуствазир ва масъули гурӯҳи музокироти марзии Қирғизистон, ҳифзи оромиш ва амният дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистонро аз дастовардҳои бузург дар равобити ин ду ҷумҳурии ҳамсоя унвон кард.
-
Nov 23, 2016
Тоҷикистон аз ибтидои имсол ба Афғонистон ва Қирғизистон як миллиарду 350 миллион киловатт соат барқ содир кардааст.
-
Nov 23, 2016
Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ аз болои қарори суд дар бораи пардохти зиён ба сарбоз шикоят бурданист.
-
Nov 22, 2016
Бо ҳузури раисони ҷумҳури Эрон ва Словения, ду кишвар се санади ҳамкорӣ имзо карданд.
-
Nov 22, 2016
Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, лағви виза миёни кишвараш ва тоҷикистонро аз орзуҳои бароварда нашудаи худ унвон кард.
-
Nov 22, 2016
Раисҷумҳури Туркия дар мусоҳиба бо шабакаи 2-и телевизионии режими саҳюнистӣ, ҷунбиши Ҳамосро як ҳизби машруи сиёсӣ ва ҷунбиши мустазъафин хонд, ки бояд бахше аз ҳаргуна тавофуқи сулҳ дар оянда бошад.
-
Nov 22, 2016
Дурнамои узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар нишасте дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.
-
Nov 21, 2016
Нахустин барф 21-уми ноябр шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро сафедпӯш кард ва вазиши бод ҳам аз бархе манотиқи ин кишвар гузориш шудааст.
-
Nov 21, 2016
Ҳамлаи террористӣ ба азодорони ҳусайнӣ дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон ба шаҳодати дастикам 50 тан аз азодорон мунҷар шуд.
-
Nov 21, 2016
Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои узви ин созмон даъват кард, то барои расидагӣ ба мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ ба Афғонистон бештар ҳамкорӣ кунанд.