Ҷустуҷу
-
Nov 21, 2016
Боду ҳавои сарди сибирӣ аз рузи 20уми ноябр тамоми Тоҷикистонро фаро гирифт. Нахсутин барф низ 21-уми ноябр шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистонро сафедпуш кард ва вазиши тундбод ҳам аз бархе манотиқи ин кишвар гузориш шудааст.
-
Nov 21, 2016
Сокинони шаҳри Душанбе имрӯз низ монанди рӯзи якшанбе шоҳиди боридани барфи сабук ҳастанд.
-
Nov 21, 2016
Як пизишки фавқи тахассуси ҷарроҳии қалб дар Тоҷикистон гуфт, давлат бо костан аз шумори кормандоне, ки кори муфиде анҷом намедиҳанд, бахше аз ҳазинаи беморони қалбиро таъмин кунад.
-
Nov 20, 2016
Раиси ҷумҳурии Туркия аз тамоюли ин кишвар барои узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай хабар дод.
-
Nov 20, 2016
Вазири умури динӣ ва ҷомеаи мадании Қазоқистон ба чораандешӣ барои истифода аз абзорҳои қонунӣ баҳри мамнуияти фаъолияти гурӯҳҳои ифротии ваҳҳобӣ ва салафӣ дар ин кишвар таъкид кард.
-
Nov 20, 2016
Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли ҷории мелодӣ аз 53 кишвари ҷаҳон ба маблағи 44 миллиону 800 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона дарёфт кардааст.
-
Nov 20, 2016
Бар асари хуруҷи қатор аз роҳи оҳан дар иёлати Уттор-Прадеш дар Ҳинд 100 нафар кушта ва дастикам 150 нафар захмӣ шуданд.
-
Nov 19, 2016
Фармондеҳи кулли Полиси федерали Ироқ эълом кард, ки бо озодии 1850 километри мураббаъ, тамомии меҳвари ҷанубии устони Найнаво ба контроли нерӯҳои ироқӣ даромадааст.
-
Nov 19, 2016
Бонки ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ эъломи омодагӣ кард.
-
Nov 18, 2016
Ҷумҳурии халқии Чин дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон 12 посгоҳ ва бурҷи дидабонӣ барои марзбонони тоҷик бунёд хоҳад кард.
-
Nov 18, 2016
Як манбаи рус эълом кард, ҳаракати қаторҳо дар ду қитъаи роҳи оҳани байни ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз сар гирифта мешавад.
-
Nov 18, 2016
Раиси ҷумҳурии Туркия соате пеш дар шаҳри Самарқанд бо кафили раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон музокироти расмии худро ба поён расонд.
-
Nov 17, 2016
Ҳукумати Покистон хостори бозгашти довталабонаи муҳоҷирони афғон ба кишварашон шудааст. Ин дар ҳолест, ки наздик ба 3 миллион нафар аз муҳоҷирони Афғонистон дар Покистон зиндагӣ мекунанд.
-
Nov 17, 2016
Нерӯҳои басиҷи мардумӣ (Ҳашд –уш-шаъбӣ )-и Ироқ дар ҷараёни амалиёти озодсозии Мусил, муваффақияти роҳбурдӣ касб карданд ва фурӯдгоҳи низомии шаҳри туркманнишини Талл-Афарро аз диишиҳо пас гирифтанд.
-
Nov 17, 2016
Бонки Рушди Осиё (ADB) ва Вазорати молияи Тоҷикистон барои иҷрои тарҳи мудирияти манобеи об дар рӯдхонаи Панҷ, қарордоди молӣ имзо карданд.
-
Nov 17, 2016
Сафири Русия дар Эрон гуфт, намоиши ҳавоии муштараки Эрон ва Русия паёми таҳдид барои терроризми байналмилалӣ ва паёми сулҳу дӯстӣ барои кишварҳои минтақа аст.
-
Nov 17, 2016
Коршиносони ширкати байналмилалии “International SOS и control risks”, 4 кишвари минтақаи Осиёи Марказиро барои гардишгарони хориҷӣ хатарнок тавсиф кардаанд, ки Тоҷикистон низ дар миёни ин ҷумҳуриҳо қарор гирифтааст.
-
Nov 16, 2016
Раиси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон танҳо роҳҳалли мушкили таъмини оби ошомидании солим дар ин кишварро вогузории ин умур ба бахши хусусӣ унвон кардааст.
-
Nov 16, 2016
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи буҷети давлати ин кишвар барои соли 2017-ро баррасӣ мекунанд.
-
Nov 15, 2016
Баҳси ҷанҷолии аломатгузории марзи тоҷику қирғиз бори дигар дар маҳофили ҳуқуқӣ ва сиёсии Қирғизистон аз ҷумла парлумони ин кишвар матраҳ шудааст.