Ҷустуҷу
-
Dec 05, 2020
22 созмон ва гурӯҳи ҳуқуқи башарии байналмилалӣ бо ирсоли номае ба гурӯҳи Осиё-Уқёнусия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ мухолифати худро бо номзадии Баҳрайн барои тасаддии пости раёсати Шӯрои ҳуқуқи башар эълон карданд.
-
Dec 04, 2020
Рӯзи ҷумъа, 4 декабр дар Покистон барои наҷот аз вируси корона “Рӯзи дуо” эълом шуд.
-
Dec 03, 2020
Бо вуҷуди бархе вокунишҳои манфӣ ба таъсиси маркази муштараки низомии Русия ва Туркия дар минтақаи Қарабоғ, вазорати дифои Туркия бо интишори баёнияе, аз имзои тавофуқнома бо Маскав барои эҷоди ин марказ ба манзури кантрол бар оташбас дар ин минтақа хабар дод.
-
Dec 02, 2020
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз авзои муташанниҷи Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.
-
Dec 01, 2020
Созмони Ҳамкории шанхай ба унвони ташаккуле бо ҳувияти минтақаӣ дар соли 2001 бо узвияти Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бо рӯйкард ба ҳамкориҳои чандҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бунён гузошта шуд.
-
Nov 30, 2020
Як бачаоҳуи шуҷоъ дар парки милии Кения ба як паланги болиғ ҳамла кард ва бо сар ба ин ҳайвони дарранда зарба зад.
-
Nov 29, 2020
Мақомоти ноҳияи Исфара дар вилояти Суғд аз ихтисоси маблағи 13 миллион сомонӣ барои таъмини оби солими ошомидании се ҳазор сокини шаҳраки саноатии Шӯроб хабар доданд.
-
Nov 29, 2020
Гуруҳе аз намояндагони парламенти Тоҷикистон таҳияи тарҳи қонуни муҷозоти зиндон барои мардонеро, ки занони хешро аз тариқи ирсоли паёмаки телефонӣ талоқ медиҳанд, ба поён расондааст.
-
Nov 29, 2020
Вазири иқтисоди ҷумҳурии Озарбойҷон аз кишварҳои исломӣ хост то барои иҷрои тарҳҳои зерсохтӣ дар минтақаи Қарабоғ ширкат кунанд.
-
Nov 29, 2020
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Чин дар номае ба дабири кули Созмони Ҳамкории Шанхай аз вай хост, аз тамоми зарфиятҳои дипломатӣ ва қонӯнии ин созмон ба манзури кумак ба шиносоӣ ва муҳокимаву муҷозоти муртакибони террори шаҳид Муҳсини Фахризода истифода кунад.
-
Nov 28, 2020
Раиси Ҷумҳурии Амрико дар паёме дар саҳифаи Твиттери худ навишт дар сурате, ки Ҷо Байден битавонад собит кунад роҳҳое , ки ба даст овардааст тақаллубӣ нест метавонад вориди Кохи Сафед шавад.
-
Nov 28, 2020
Майкл Морел, таҳлилгари амрикоӣ, ки аз гузинаҳои аслии Ҷо Байден барои раёсати созмони CIA шумор меравад, дар як гуфтугӯи телевизионӣ аз сиёсати ваҳшиёнаи террори мақомоту афроди муҳими Эрон ба сӯрати махфиёна ҳимоят кард.
-
Nov 28, 2020
Бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷикистонии бекор шуда дар Русия ба кишварашон аз масирҳои Узбакистону Қирғизистон барои онон арзонтар тамом мешавад.
-
Nov 27, 2020
Бонки Рушди Осиё аз додани кумаки билоивази 10 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои бозсозии таҷҳизоти назоратӣ бар фаъолияти кӯли Сарез хабар дод.
-
Nov 27, 2020
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Исломобод бо истиқбол аз ибтикори миёнҷигарии давлати Покистон барои танишзудоӣ дар минтақа, аз омодагии Теҳрон барои саъйи муштарак бо ҳадафи рафъи сӯитафоҳумот хабар дод.
-
Nov 26, 2020
Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард: дар ростои барқарории субот, амният ва эҳтизози парчами муқаддаси Эрон дар уқёнусҳои дурдаст ва обҳои байналмилалӣ, аз ҳеч кӯшише дареғ нахоҳад кард.
-
Nov 26, 2020
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Санъо ва сарпарасти Вазорати барқ ва энергетикаи Давлати Наҷоти Миллии Яман дар бораи интиқоли таҷрибаи фаннӣ ва омӯзиши дар заминаи тавлиди барқ баҳсу табодули назар карданд.
-
Nov 26, 2020
Алберто Фернандес, раисиҷумҳури Аргентина дар паёме ба муносибати даргузашти Марадона 3 рӯз азо(мотам)-и умумӣ дар кишвараш эълом кард.
-
Nov 25, 2020
Занони нозо дар Ҳинд дар амал ба ақидае хурофотӣ ва аҷиб барои бачадор шудан рӯйи замин дароз мекашанд то коҳинони мазҳабӣ рӯйи бадани онҳо роҳ бираванд.
-
Nov 25, 2020
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон системаи онлайн барои ҷалби коргаронро дар корхонаҳо ва коргоҳҳои марбути он оғоз кард.