Ҷустуҷу
-
Feb 08, 2017
Сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон аз таҳияи нақшаи роҳбурдии муштарак бо Қирғизистон барои пешгирӣ аз танишҳои марзии байни ду кишвар хабар дод.
-
Feb 08, 2017
Вазорати молияи Тоҷикистон аз ихтисоси 138 миллион доллар барои бозпардохти қарзҳои хориҷии ин кишвар хабар дод.
-
Feb 07, 2017
Беҳрӯзи Саидхоҷа: Додситонии кулли Тоҷикистон фаъолияти чаҳор бонки кишварро, ки дучори мушкилоти молӣ шуданд ва муштариёнро нигарон карданд, мавриди бозҷуӣ қарор додааст.
-
Feb 07, 2017
Раиси гурӯҳи Дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон дар дидор бо сафири Душанбе дар Теҳрон гуфт: “Сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора барқарории амният ва оромиш дар Тоҷикистон аст ва аз ҳар гуна иқдоме дар ин замина ҳимоят хоҳем кард”.
-
Feb 07, 2017
Фармондеҳони нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ва Қирғизистон бар зарурати тақвияти ҳамкории дуҷониба, ба манзури ҷилавгирӣ аз бурузи ихтилофот таъкид карданд.
-
Feb 06, 2017
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси шӯрои Қатар дар Давҳа-пойтахти ин кишвар дидор кард.
-
Feb 06, 2017
Тоҷикистон аз сармогузорони қатарӣ хост, ки дар бунёди зербиноҳои ин кишвар ширкат кунанд.
-
Feb 06, 2017
Мақомоти Тоҷикистон ва Қатар имрӯз дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Давлати Қатар дар Давҳа-пойтахти ин кишвар ҳашт санади ҳамкорӣ имзо карданд.
-
Feb 05, 2017
Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 5-уми феврал барои дидори расмӣ аз Қатар вориди пойтахт ин кишвар шуд.
-
Feb 04, 2017
Мудири умури парвандаҳои вижаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз идомаи гуфтугӯҳо барои боздошту истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии мамнӯъшуда дар Тоҷикистон хабар дод.
-
Feb 04, 2017
Сухангӯи Ширкати "Барқи тоҷик" ҷиҳати пардохти қарзи нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ба Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.
-
Feb 03, 2017
Додситонии кулли Тоҷикистон аз манъи таъқиби Фаромарз Саидов, фарзанди Давлаталӣ Саидов, муовини аввали нахуствазири ин кишвар хабар дод.
-
Feb 03, 2017
Қонуни танзими расму ойинҳо дар Тоҷикстон, азсаргирии парвозҳо байни Тоҷикистону Ӯзбакистон ва осонсозии судури визои Тоҷикистон барои мутақозиёни сафар ба ин кишвар аз муҳимтарин матолиби дарҷшуда дар матбуоти ин ҳафтаи чопи Душанбе аст.
-
Feb 02, 2017
Ба гузориши сойти Азия плюс, аз 885 миллиону 114 ҳазор доллар ҳаҷми муомилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин дар соли 2016, содироти Тоҷикистон 44 миллиону 45 ҳазор доллар ва воридоти аз Чин ба 841 миллиону 69 ҳазор доллар расидааст, ки ба нафъи Пекин мебошад.
-
Feb 02, 2017
Размоиши муштараки зидди террористии нимиёни артиши Тоҷикистон ва пойгоҳи 201 артиши Русия, мустақар дар атрофи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
-
Feb 01, 2017
Дар паи бориши сангини барф ва суқути тарма дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, Вазорати умури хориҷаи ин кишвар аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ барои рафъи авоқиби ин ҳаводис дархости кумак кардааст.
-
Feb 01, 2017
Дар пайи бориши барфи зиёд ва сарозер шудани тарма дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, Вазорати умури хориҷаи ин кишвар аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дархости кумак кардааст.
-
Feb 01, 2017
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо раиси ширкати италияии иҷрокунандаи тарҳи неругоҳи Роғун бар зарурати суръат бахшидани корҳо барои баҳрабардорӣ аз ин тарҳи муҳими энержӣ таъкид кард.
-
Jan 31, 2017
Созмони ғайридавлатии Хонаи Озодӣ дар Амрико номи Тоҷикистонро дар феҳристи кишварҳои истибдодӣ қарор дод.
-
Jan 30, 2017
Иртиботи ҳавоии Тоҷикистон ва Узбакистон аз сар гирифта мешавад.