Ҷустуҷу
-
Oct 03, 2016
Рӯзномаи амрикоии Ню-Йорк Таймс дар гузорише навишт: Бекории рӯзафзун ва ба қудрат расидани Толибон дар бахшҳое аз Афғонистон, баёнгари бенатиҷа будани ҷанги Амрико дар ин кишвар аст.
-
Oct 01, 2016
Ҳизби исломии Афғонистон ба раҳбарии Ҳикматёр бо интишори баёнияе алайҳи ҳукумати ин кишвар эъломи оташбас кард.
-
Sep 29, 2016
Гулбиддин Ҳикматёр-раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон, тавофуқномаи сулҳи давлати Афғонистонро имзо кард.
-
Sep 28, 2016
Абдуллоҳ Абдуллоҳ - раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон гуфтааст, иддае барои фурӯ пошидани давлати ин кишвар дар талош ҳастанд, аммо умри давлати ваҳдати миллии Афғонистон панҷ сол аст ва аъзои кобина аз маҷлис раъйи эътимод гирифтаанд ва идомаи кори ин давлат комилан қонунӣ аст.
-
Sep 27, 2016
Фармондеҳи низомиёни амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон эълом кард, фаъолияти шабакаи террористии Алқоида дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
-
Sep 25, 2016
Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон аз рӯзе ки ба қудрат расидааст, пружаи сулҳро оғоз кардааст. Ин ҳукумат, ки дар натиҷаи тавофуқи ду ҳизб кори худро оғоз кард, яке аз аҳдофи муҳимашро пиёда кардани пружаи сулҳ дар Афғонистон эълом кард.
-
Sep 24, 2016
Пекин бо имзои тавофуқномае бо Душанбе, амнияти манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистонро тақвият мекунад.
-
Sep 22, 2016
Ҳизби исломии Афғонистон ба раёсати Гулбиддин Ҳикматёр бо ҳукумати ин кишвар дар Кобул тавофуқномаи сулҳ имзо кард.
-
Sep 21, 2016
Даҳҳо узви гурӯҳи такфирӣ-саҳюнистии ДИИШ дар ҳамлаи артиши Афғонистон дар устони Нангарҳор кушта шуданд.
-
Sep 19, 2016
Сарвар Дониш, муовини дувуми Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон эълом кард, бар асоси моддаи 83-и Қонуни Асосии Афғонистон, масъулияти таъйини салоҳияти ҳавзаҳои интихоботӣ ба Комиссияи мустақили интихобот вогузор шудааст.
-
Sep 17, 2016
Давлати Русия, Амрико ва НАТО-ро масъули вахомати авзои амниятии Афғонистон эълом кард.
-
Sep 15, 2016
Бозраси вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон аз ҳадар рафтани миллиардҳо доллар дар ин кишвари ҷангзада хабар дод.
-
Sep 15, 2016
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, Амрико бо ҳузур дар Афғонистон натанҳо мушкилеро ҳал накарда, балки мушкили дигаре ба мусибатҳои ин кишвар афзуда, ки он ҳам нуфузи ДИИШ аст.
-
Sep 15, 2016
Раисиҷумҳурии Туркманистон аз тасреъи раванди сохти роҳи оҳан, миёни ин кишвар бо Афғонистон ва Тоҷикистон хабар дод.
-
Sep 11, 2016
Фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, ки давлати Кобул танҳо 62 дарсади хоки ин кишварро таҳти контроли худ дорад.
-
Sep 10, 2016
Муовини сухангӯи раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ин кишвар тасмим дорад аз транзити колоҳои бозаргонони покистонӣ аз хоки Афғонистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ кунад.
-
Sep 09, 2016
Муовини дабири кулли Созмони милал дар умури ҳуқуқи башар гуфт, дар пайи ноамниҳо дар Афғонистон, солона ҷамъияти зиёде ба оворагони ин кишвар афзуда мешавад ва теъдоди зиёде аз кӯдакон низ ба иллати норасоии ғизо ҷони худро аз даст медиҳанд.
-
Sep 07, 2016
Баргузор шудани ҳамоиши "Эътимодсозӣ ва зерсохтҳои минтақаии Афғонистон» дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунон ба таҳаввулоти Афғонистон таваҷҷуҳ дорад ва дар садад аст, бо идомаи кӯмакҳои худ ба пешбурди барномаи созандагии ин кишвар кӯмак кунад.
-
Sep 07, 2016
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҳал нашудани ихтилофи Душанбе, Кобул ва Ишқобод бар сари роҳи оҳани ҷадиди минтақаӣ дар қаламрави Афғонистон хабар дод.
-
Sep 06, 2016
Авзои амниятии Кобул, пойтахти Афғонистон вахим аст.