Август 01, 2021 18:11 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе
    Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе

Сафири Эрон дар Душанбе гуфт, сафорати Эрон омодааст, то ба соҳбкорону бозаргонони эронӣ барои фаъолияти тиҷорӣ дар Тоҷикистон кумак кунад.

Ба нақл аз Ирно, Муҳаммадтақии Собирӣ дар Семинари онлайни баррасии равобити тиҷории Эрону Тоҷикистон, аз омодагии сафорати Эрон дар Душанбе барои кумак ба тоҷирону фаъолони иқтисодии эронӣ дар вуруд ба бозори Тоҷикистон хабар дод ва гуфт: Дар ин замина Бонки марказии Эрон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар талош барои барқарории механизме бо ҳадафи осонсозии мубодилоти бонкӣ ҳастанд”.

Собирӣ гуфт: Ба ин манзур, аз зарфияти шуъбаи Бонки тиҷорати Эрон дар шаҳри Душанбе метавон истифода кард ва илова бар он, пешниҳодҳои дигаре аз ҷумла ба коргирии низоми таҳотурӣ ва низ истифода аз низоми пулии муштараки ду кишвар, рӯи мизи музокироти масъулони дутараф вуҷуд дорад”.

Собирӣ бо ишора ба пешинаи равобити тиҷории Эрону Тоҷикистон дар тӯли се даҳаи гузашта гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон фаъолиятҳоеро дар тӯли 30 соли гузашта дар ҷиҳати тавсеа ва таҳаққуқи аҳдофи сегонаи стратегии Тоҷикистон дар заминаи энержӣ, дастёбӣ ба амнияти ғизоӣ ва поён додан ба бунбасти иртиботӣ мушорикати хубе доштааст”.

Дар Семинари онлайни баррасии равобити тиҷории Эрону Тоҷикистон, фурсатҳои ҳамкорӣ барои тавсеаи муносиботи иқтисодӣ ва бозаргонии бахши хусусии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бештар бихонед:

 

Барчасп