Май 25, 2023 09:32 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мавзӯи пешгирӣ аз ҷурм ва адолати ҷиноӣ дар Венаи Австрия
    Баррасии мавзӯи пешгирӣ аз ҷурм ва адолати ҷиноӣ дар Венаи Австрия

Муовини умури байналмилали Қувваи қазоияи Эрон гуфт, Эрон бо бархӯрдорӣ аз чорчӯбҳои қонунӣ, қазоӣ ва идории коромад, тааҳҳуди худро дар муборизаи муассир бо анвои ҷароиме монанди қочоқи инсон, қочоқи муҳоҷирин, пулшӯӣ, ҷароими муртабит бо фасод ва ҳавзаи кибернетикӣ ба хубӣ нишон додааст.

Козимии Ғарибободӣ, муовини умури байналмилали Қувваи қазоия ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон дар сивудуюмин нишасти Комиссияи пешгирӣ аз ҷурм ва адолати ҷиноӣ, ки дар Венаи Австрия дар ҳоли баргузорӣ аст, афзуд: Тарроҳии механизмҳои навоварона ҷиҳати беҳбуди иқдомот дар ҳавзаи адолати кайфарӣ ва иртиқои ҳамкориҳои байналмилалии муассир, дар сурате таҳаққуқ меёбад, ки вижагиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии кишварҳо ва низ усули асосии ҳуқуқи байналмилал, алалхусус баробарии ҳокимиятӣ ва адами мудохила ба таври комил риоят шудаву мавриди эҳтирому ҳимоят қарор гирад.

Муовини умури байналмилали Қувваи қазоияи Эрон дар идома бар муқобила бо муҷримоне ки даромадҳои ҳосил аз ҷурм доранд, аз тариқи тақвияти ҳамкориҳо ва кумакҳои байналмилалӣ барои радёбӣ, забт, мусодира ва истирдоди ин қабил амволу дороиҳо ба кишвари мабдаъ таъкид карду гуфт: Ин иқдом на танҳо бахше ҷудоинопазир аз вокуниши ҷамъӣ ба ҷароими фаромиллиро ташкил медиҳад, балки барои ҳимоят аз ҳуқуқи қурбониён, аз ҷумла ҳаққи ғаромату коҳиши такрори ҷурм низ зарурӣ аст.

 

Барчасп