Июл 12, 2023 18:05 Asia/Dushanbe
  • “Бар сари истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии Эрон бо ҳеҷ тарафе таоруф намешавад”
    “Бар сари истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии Эрон бо ҳеҷ тарафе таоруф намешавад”

Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба баёнияи гуфтугӯҳои роҳбурдии Русия ва Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва тарҳи иддао дар бораи ҷазоири сегонаи эронӣ гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон бар сари истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии кишвар бо ҳеҷ тарафе таоруф надорад.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар пайи эҳзори сафири Русия ба Вазорати умури хориҷаи Эрон дар твитте навишт: “Бар сари истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии Эрон бо ҳеҷ тарафе таоруф намешавад”.

Алексей Дедов, сафири Русия дар Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе тавассути Алиризо Иноятӣ, дастёри вазир ва мудири кулли халиҷи Форси Вазорати умури хориҷаи Эрон ба ин вазоратхона эҳзор шуд.

Эҳзори сафири Русия дар пайи матолиби мундариҷ дар баёнияи поёнии шашумин даври гуфтугӯҳои роҳбурдии вузарои хориҷаи Русия ва кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар Маскав дар бораи ҷазоири сегонаи эронӣ сурат гирифт ва дар ин дидор маротиби эътирози Эрон ба ӯ иблоғ шуд.

 

Барчасп