Январ 09, 2024 19:05 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Берункашидани мардум аз саҳна роҳбурди душманонии сарзамини поки Эрон аст
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Берункашидани мардум аз саҳна роҳбурди душманонии сарзамини поки Эрон аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ берункашидани мардум аз саҳнаро роҳбурди душманонии сарзамини поки Эрон донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломии имрузи сешанбе дар дидори ҷамъӣ аз мардуми шаҳри Қум дар солрузи қиёми тарихии мардуми ин кишвар дар 19 даии 1356.

9 январи соли 1978  сарнигунии режими вобаста ва золими тоғутро натиҷаи малмуси ҳузури мардум дар саҳна баршумурданд ва гуфтанд: Ҳадаф аз даъвати мардум ба ҳузур, ҳокимияти исломӣ, иззати исломӣ, салоҳи комил ва эътилои миллат ва муқобила бо истикбор аст.

Ишон борикаи Ғаззаро мисдоқии айни аз қудрати азими мардум донистанду гуфтанд: Гуруҳи кучаки аз мардум дар замини кучак Амрико бо он ҳамаи иддао ва режими саҳюнистӣ овезон ба Амрикоро бо қудрати сабру истодагии худ оҷиз кардаанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ се моҳ ҷиноят ва кудаккушии саҳюнистҳоро ҳодисае фаромушнашудани дар таърих донистанду афзуданд: Ҳатто пас аз нобуди ва пок шудани ин режим аз руи замин ин ҷиноёт фаромуш намешавад ва дар таърих хоҳанд навишт рузи иддае дар ин минтақа ба ҳукумати расиданд ки дар тул чанд ҳафта ҳазорон кудакро ба қатли расонданд аммо сабри мардум ва истодагӣ ва муқовимати фаластинӣ онҳоро водор ба ақибнишини кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ аз дигар шигирдҳо барои хориҷ кардани мардум аз саҳнаро талоши расонаҳои бегона барои ноумед кардани мардум ва бахусус ҷавонон аз оянда донистанду гуфтанд: Таъмим ё бузургнамоии нукоти манфӣ, тарвиҷ бефоидабудани ҳузур дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва интихобот ва ба рух кашидани камбудҳо ва сахтиҳои иқтисодӣ аз ҷумлаи фаъолиятҳои таблиғотӣ онҳо аст.

Ишон тарсондан аз қудратҳо ва аз Амрико ва режими саҳюнистиро тарфандии дигар барои берун рондани мардум аз майдон донистанду гуфтанд: Агар қарор буд миллати Эрон аз фалон қудрат битарсад ҷумҳурии исломии дигар вуҷуд надошт зимни ин ки имруз хеле аз қудратҳон ки доъиядории тасаллут ва худоӣ барминтақа буданд аз миллат Эрон метарсанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ иҷтимои азими мардум дар чаҳорумин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ҳузури мардум дар роҳпаймоиҳои 22 баҳман ва рузи қудс ва иҷтимо дар аёмуллоҳ ҳамчун солрузи 9 дайро нишонаҳои боризи омодагии мардум барои ҳузур дар майдон донистанд ва гуфтанд: Мардуми Эрон дар солрузи шаҳодати сардори пурифтихор аз роҳҳои дур барои зиёрат ба Кирмон омаданд ва бо вуҷуди он иттифоқи фоҷеъаи бор фардои ҳамон иҷтимои мардум бо ҳамон шиддату қудрат ва ангеза идома ёфт.

Барчасп