Январ 30, 2024 19:29 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ масъулиятҳои давлат ва бахши хусуси барои пешрафти иқтисодиро табйин карданд
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ масъулиятҳои давлат ва бахши хусуси барои пешрафти иқтисодиро табйин карданд

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рузи сешанбе дар дидори фаъолони иқтисодӣ ва тавлидкунандагон бо ишора ба зарфият ва тавон комилан муассири бахши хусуси барои таҳаққуқи аҳдофи калони иқтисодӣ, пайгирии ҷидди давлат барои хостаҳои матраҳшуда аз ҷумлаи ташкили маҷмуъаҳои санъатии чандваҷҳи, тамини молии ширкатҳои миёна ва кучак ва мавзуи обёрии навинро хостор шуданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба масоили маҳдудкунандаи монанди таҳримҳо ва камкории бархе давлатҳои гузашта гуфтанд: Талош ва пешрафти бахши хусуси бо вуҷуди чунин мавонеъӣ, инсонро умедвор мекунад ки ин бахш қодираст Эронро ба рушди матлуби барномаи панҷсолаи ҳафтум яъне рушди 8 дарсади бирасонад.

Ишон афзуданд: Ибтикор нишондиҳанда неруии инсонӣ нухба аст ва вуҷуди неруии инсонии нухба ба унвони сарватии азим, такя гоҳи мутмаин дар гиреҳгушойи масоили калон, паймудани роҳҳои душвор ва расидани Эрон ба авҷ хоҳад буд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, нотарози дар масоили монанди об, сухт, барқ ва арсаҳои дигарро монеъи корҳои бузурги хонданду афзуданд: Неруи инсонии нухбаи бахши хусуси метавонад дар ин заминаҳо гиреҳгушоӣ кунад ки ин ниёз ба барномарезии дуруст барои истифода аз зарфияти фикрӣ ва амалии ин бахш дорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ фаъолият дар арсаҳои мухталифи болодастии назири нафту фулод ва газ то машоғилии ҳамчун саноеъи дастиро намоёнгари замина бисёр густардаи мушорикати бахш хусуси донистанд ва гуфтанд: Дастони пурқудрат ва ангуштони мубтакири фаъолони ин бахшҳо ба афзоиши иштиғол ва коҳиши фақр ҳам мунҷар хоҳад шуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ эҳсоси масъулияти тавъамони давлат ва фаъолони иқтисодиро лозимаи истифодаи беҳина аз зарфияти сармояҳои мардуми баршумурданду гуфтанд: Масъулияти давлати умуман мутаваҷҷеҳи рафъи мавонеъ ва беҳбуди фазои касбу кор аст.

Ишон таъкид карданд: Масъулони давлати бояд ба ҷади масаълаи беҳбуди фазои касбу корро дунбол ва мавонеъро бартараф кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ назорати давлатро мукаммили ҳимоят аз бахш хусуси баршумурданду гуфтанд: Ин назорат ки бо дахолат мутафовитаст мутлақан қобил иғмоз нест.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ масъулиятҳои бахши хусусиро дар раванди истифодаибеҳина аз зарфияти ин бахш муҳим донистанду гуфтанд: Инзибот, риояти завобит, пойбанди ба қавонин ва муқаррарот ва саломати кор ҷузи вазоифи аслии бахш хусусӣ аст ки бояд бо назорати давлат ба онҳо амал шавад.

Барчасп