Август 11, 2019 17:26 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон: Интизори Вашингтон барои музокира бо Эрон беҳуда аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Интизори амрикоиҳо барои тамоси телефонии мақомоти эронӣ бо онҳо беҳуда аст.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи ин, ки мақомоти амрикоӣ эълом кардаанд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар ҳамчунон мунтазири тамоси телефонии мақомоти Эрон аст, афзуд: Онҳо муддатҳост, ки аз Ҷумҳурии исломии Эрон чунин интизоре доранд, аммо Эрон ҳеҷ гоҳ дар музокирае, ки дар он ҳуқуқ ва қавоиди байналмилалӣ риоят намешавад, пешқадам нахоҳад буд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин, ки амрикоиҳо ҳамвора нишон доданд, ки дар баёни сӯҳбатҳо ва изҳороти худ садоқат надоранд, афзуд: Онҳо аз як тараф Раҳбари инқилоби исломӣ ва раиси Дастгоҳи дипломатии Эронро таҳрим мекунанд ва аз тарафи дигар баҳси музокираро пеш мекашанд.

 

Барчасп