Феврал 08, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ: бояд қавӣ шавем, то таҳдиди душман тамом шавад (хабари такмилӣ)

Фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон бо таъкид бар лузуми қавӣ шудани Эрон дар ҳамаи заминаҳо ба вижа дар заминаи дифоӣ гуфтанд, барои он ки ҷанг нашавад ва таҳдид тамом шавад, бояд қавӣ шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон субҳи имрӯз (шанбе) дар дидори фармондеҳон ва коркунони нерӯи ҳавоӣ ва нерӯи падофанди ҳавоии артиши Эрон, бо баёни ин ки заиф будан, душманро ташвиқ ба иқдом хоҳад кард афзуданд, мо ба дунболи таҳдиди ҳеҷ кишвар ва миллате нестем, балки дар пайи ҳифзи амнияти кишвари худ ва пешгирӣ аз таҳдид ҳастем.

Ишон нерӯҳои мусаллаҳи Эронро ба талош барои тақвияти буняи дифоӣ дар паҳлуҳои мухталиф, диққат дар пеш бурдани корҳои муҳим ва ҳаддиаксари истифода аз зарфиятҳо ва истеъдодҳо тавсия карданд ва гуфтанд, агар раисони қаблии Амрико масири шайтонии ин режимро дар зери пушишҳое дунбол мекарданд, имрӯз инҳироф, ҷангафрӯзӣ, фитнасозӣ ва тамаи амрикоиҳо ба доштаҳои дигарон, ошкор ва бидуни пушиш аст ва ин масири ботили душманони миллати Эрон қатъан маҳкум ба шикаст аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон тасреҳ карданд, таҳдидҳо ба фурсат табдил хоҳад шуд ва таҳрим, ки як ҳаракати ҷинояткоронааст, метавонад омили наҷоти кишвар аз вобастагӣ ба нафт ва ҳалли бисёре аз мушкилот шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, албатта бархе ашхоси боҳуш дар дохили ҳайати ҳокимаи Амрико мутаваҷҷеҳи ин мавзӯъ ҳастанд ва гуфтаанд набояд бигузорем Эрон иқтисоди бидуни нафтро таҷриба кунад ва ба ҳамин далел бояд масиреро боз бигузорем, то иқтисоди Эрон ба таври комил аз пули нафт ҷудо нашавад, бинобарин масъулон ба хусус масъулони иқтисодии кишвар бояд дар ин хусус ҳушёр бошанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба печидатар шудани абзорҳо ва шеваҳои душманон гуфтанд, дар муқобил, шеваҳо ва равишҳои Эрон низ печидатар аз гузашта шудааст ба гунае, ки акнун дар бахшҳои гуногуни кишвар, равишҳо ва корҳои комилан мантиқӣ, печида ва пешравандае дар ҷараён аст, ки таъминкунандаи умқи роҳбурдии кишвар буда ва душманро замингир кардааст.

 

Барчасп