Апрел 08, 2021 09:39 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳоти сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар хусуси санади 25 солаи Эрон ва Чин
    Тавзеҳоти сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар хусуси санади 25 солаи Эрон ва Чин

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи санади ҳамкории Эрон ва Чин дар инстаграм бо интишори видиоӣ тавзеҳоте ироа кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Хатибзодаи сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар хусуси санади 25 солаи Эрону Чин дар инстаграмм навишт: Чин ҳамчун як қудрати бузурги иқтисодии ҷаҳонӣ,   созишномаҳои ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ ва инчунин созишномаҳои бузурги тиҷоратиро бо кишварҳои ҷаҳон, аз ИМА ва Аврупо то давлатҳои Халиҷи Араб, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ғарбӣ ва Осиёи Дур бастааст.

 
Хатибзодаи илова кард, барои Эрон низ равобити роҳбурдӣ бо Чин аз асолату аҳамияти вижае бархӯрдор будааст. Дар мавриди Чин, рушди муносибатҳо бо Эрон ба сатҳи шарикии стратегӣ афзалиятнок буд, ки дар ҷараёни сафари раисҷумҳури Чин ба Эрон ба даст омадааст.

Сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон илова кард, Эрон ба унвони як кунишгари ҷараёнсоз дар равобити байналмилал наметавонад дар тарсими барномаҳои тавсеъаии худ таслими фишорҳои баромада аз таҳримҳои золимонаи Амрико бошад ва аз ҳар фурсате барои пешбурди сиёсатҳои худ баҳра мебарад. 

Хатибзода таъкид кард, барномаи ҳамкории ҷомеъи Эрон ва Чин, нақшаи роҳе барои ҳамкориҳое хоҳад буд, ки агар вориди марҳалаи амалӣ шуда ва бавижа табдил ба қарордодҳои иқтисодии миёни фаъолони бахшҳои мухталифи ду кишвар шавад, мардум ва Эрони азизро аз самароти худ баҳраманд хоҳад кард.

Бештар бихонед: 

Барчасп