Май 31, 2022 13:15 Asia/Dushanbe
  • Адои эҳтироми пайравони адёни илоҳӣ ба имом Хумайнӣ (раҳ.) +akc 

Пайравони адёни илоҳӣ дар остонаи солгарди иртиҳоли малакӯтии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) бо ҳузур дар марқади мутаҳҳари бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мақоми баланди эшон адои эҳтиром карданд.

Чаҳордаҳуми хурдоди 1401 ҳиҷрии шамсӣ, (чаҳоруми июни 2022 ), солрӯзи иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

33 соли пеш дар чунин рӯзе, Рӯҳуллоҳи Мӯсавии Хумайнӣ (раҳ.), Раҳбари кабири инқилоби исломӣ, пас аз 87 сол зиндагии пурталош ва хастагинопазир, чашм аз ҷаҳон фурӯ баст ва ба дидори Ҳақ шитофт.

Имом Хумайнӣ (раҳ.) муборизоти худро аз соли 1342 ҳиҷрии шамсӣ бо режими истибдодии шоҳ ва мудохилоти Амрико дар Эрон оғоз карду саранҷом тавассути режими шоҳ ба Туркия ва сипас ба Ироқ табъид шуд. Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар муддати сездаҳ соли табъид дар Ироқ, илова бар тарбияти шогирдони бисёр, ба ифшогарии моҳияти фосиди режими шоҳ ва матомеъи номашрӯи Амрико дар Эрон пардохт.

Саранҷом пас аз авҷгирии мубориза ва ҳиҷрати имом ба Фаронса ва сипас бозгашти шиквамандонаи эшон ба Эрон, инқилоби исломии Эрон дар соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ ба пирӯзии ниҳоӣ расид.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, пайравони адёни илоҳӣ аз ҷумла, калимиён, зартуштиён, ошӯриён ва аромана дар остонаи солгарди иртиҳоли малакӯтии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) бо ҳузур дар марқади мутаҳҳари бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ.) таҷдиди байъат карданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп