Октябр 08, 2022 10:20 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон: Ба теъдоде аз мақарҳои дипломатии Эрон дар Аврупо таъарруз шудааст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, илова бар таъарруз ба сафорати Эрон дар Дания, ахиран таъаррузҳои хушунатомези дигаре ҳам ба мақарҳои дипломатии Эрон дар Аврупо сӯрат гирифтааст.

Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҷумъашаб дар риштапаёмҳо дар хусӯси таъарруз ба сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Дания ва бархе дигар аз намояндагиҳои Эрон дар Аврупо навишт, таъаруз ба макони дипломатӣ, тозатарин маврид аз иқдомоти хашину ғайриқонӯнии ахири зиди Эрон дар Аврупо аст.

Вай тасреҳ кард, ахиран таъаррузҳои хушунатомези дигаре ҳам ба мақарҳои дипломатии Эрон дар Аврупо сӯрати гирифта, ки иртиботи ин ҳамалот бо ҳимояти сиёсии Ғарб аз иғтишошгарон ғайри қобил китмон аст.

Канъонӣ таъкид кард, давлатҳои мизбон нисбат ба ҳифозат аз амокини дипломатии дипломатҳо таъаҳҳуди қонӯнӣ доранд ва интизор меравад, ки бидуни фавти вақт, чунин кунанд.

Дар ҳодисаи амниятӣ, як муҳоҷим талош кард то сафири Эрон дар Данияро бо чоқу мавриди ҳамла қарор диҳад, ки хушбахтона дар ин кор ноком монд.

Дар пайи ҳамлаи рӯзи ҷумъаи як фарди муҳоҷими мусаллаҳ ба силоҳи сард ба сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Копенгаген, ки бо таҳдиди сафири Эрон, маҷрӯҳ шудани яке аз кормандони маҳаллӣ ва садамот ба худравҳои сафорат ҳамроҳ буд, сафири Дания дар Теҳрон ба вазорати умури хориҷаи Эрон, эҳзор ва эътирози шадиди Ҷумҳурии исломӣ ба ӯ иблоғ шуд.

Сафири Дания дар Эрон зимни узрхоҳӣ аз иттифоқи бавуқӯъ пайваста таъкид кард, тамҳидоти амниятӣ пас аз ин ҳодиса тақвият шуда ва идома хоҳад ёфт ва маротибро сареъан ба давлати Дания мунъакис хоҳад кард.

 

Барчасп