Октябр 13, 2022 10:50 Asia/Dushanbe
  • Адои эҳтироми аъзои Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиб ба мақоми бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон

Аъзои Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиб ва уламову мутаффакирони ҷаҳони ислом дар сию шашумин давраи конфаронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ ба мақоми шомихи ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) адои эҳтиром карданд . Уламову мутаффакирони кишварҳои мухталифи исломӣ Имом Хумайнӣ ( раҳ )-ро бунёнгузори конфаронси ҷаҳонии тақриби мазоҳиб муаррифӣ карданд ва онро оғозе барои гуфтугӯи мусулмонон дар нуқоти мухталифи ҷаҳон баршумурданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сиюшашумин конфаронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ рӯзи чаҳоршанбе бо суханронии Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон оғоз шуд.
Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ҳамасола ҳамзамон бо ҳафтаи Ваҳдат аз давоздаҳум то ҳафдаҳуми рабеъулаввал бо ҳузури шахсиятҳои ҷаҳони Ислом баргузор мешавад.
Ҳадаф аз баргузории конфаронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ эҷоди иттиҳоду ҳамбастагӣ дар байни мусулмонон, ҳамфикрии уламову донишмандон ҷиҳати тақриби дидгоҳҳои илмӣ ва фарҳангии онон ва низ баррасӣ ва ироаи роҳкорҳои амалӣ ҷиҳати дастёбӣ ба ваҳдати исломӣ ва ташкили уммати воҳида дар ҷаҳони Ислом ва ҳалли масоилу мушкилоти мусулмонон ва ироаи роҳкорҳои муносиб дар ин хусус аст .
 

 

Барчасп