Январ 05, 2023 14:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ аз диди Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар муқобили ду пружаи нахусти амрикоӣ қарор гирифт ва бо он мубориза кард. Аммо чӣгуна?
    Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ аз диди Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар муқобили ду пружаи нахусти амрикоӣ қарор гирифт ва бо он мубориза кард. Аммо чӣгуна?

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, Дабир кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шаби гузашта дар суханоне ба муносибати саввумин солрӯзи шаҳодати фармондеҳи фақиди Сипоҳи Қудс, яке аз иқдомҳои асли ва роҳбурдии Ҳоҷ Қосим Сулаймониро муқобила бо пружаи Амрико дар минтақаи Ғарби Осиё унвон кард.

Бидуни шак, Амрико муҳимтарин қудрати хориҷие аст, ки дар минтақаи Ғарби Осиё ҳузӯр дорад. Ҳузӯри Вашингтон дар минтақа ба хусус барои кишварҳои узви меҳвари муқовимат ҳазинаҳои зиёде доштааст зеро давлати Амрико бозигарони меҳвари муқовиматро дар таззоди ҳувияте бо худ мебинад ва аз ҳар абзоре барои эъмоли фишор бар ин бозигарон баҳра мегирад. Иловабарин бозигарони меҳвари муқовимат, режими саҳюнистиро душмани аслии худ медонанд ва мубориза бо ин режимро ба унвони аслитарин роҳбурди худ пайгири мекунанд. Бар ҳамин асос, тарҳҳои Амрико низ дар ростои эҷоди меҳдудият барои муқовимат ва ҳимоят аз режими саҳюнистӣ қарор доранд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ ба се тарҳи Амрико дар ин замина ишора кард, ки иборатанд: Тарҳи Ховармиёнаи ҷадид, ки бо меҳварияти тасалути Исроил бар минтақа мебошад, эҷоди ҷанги дохили дар кишварҳои узви меҳвари меқовимат,эҷоди ҷанги иқтисоди алайҳи муқовимат.

Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ аз диди Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар муқобили ду пружаи нахусти амрикоӣ қарор гирифт ва бо он мубориза кард. Аммо чӣгуна?

Амрико дар тарҳи аввал ба дунболи ин буд, ки  бо ҳамла бо Афғонистон ва Ироқ, ниҳоятан  ба Сурия ва Ирон наздик мешавад ва муқовиматро низ дар соли 2006 аз байн  бибарад. Шикасити Амрико ва режими саҳюнистӣ дар  ҷанги соли 2006 ва ҳамчунини мубориза бо гурӯҳҳои муқовимат дар Ироқ  бо нерӯҳои ишғолгар , ки сабаби ақабнишинии онҳо дар Ироқ шуд, дастоварди муҳими Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ  ва меҳвари муқовимат буд. Буруз надодани ин дастовард  ба тағиири Сайид Ҳасан Насруллоҳ ин буд , ки Трап маҷбур шуд, ки махфиёна ба Ирооқ биравад, ки худи инро изъон кард, ба рағми он, ки Амрико ҳафт ҳазор миллиар доллар барои  мудели аввал хазина карда буд. Ин пирӯзии бузург бо фармондеҳ Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ , мавзеъгирии Эрон ва шаклгирии иродаи муқовимат назди миллатҳо буд.

Дар тарҳи дуввум, давлати Амрико бо истифода аз воқеаҳои  соли 2011 дар ҷаҳони Араб сайъ кард дар даврони кишварҳои узви меҳвари муқовимат ҷанги дохили эҷод кунад. Барои ҳамин манзур, такфириҳо вориди кишварҳои узви муқовимат ба вижа Сурия шуда ва ҷанги тоифаи шакл гирифт. Ҳадаф дар гоми нахуст тағиири низоми Сурия ва қарор додани ин кишҳвар дар мадори созишкорони арабӣ буд. Дар гомҳои баъди низ зарба задан ба Ирон, Ироқ ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар дастури кор қарор дошт. Дар воқеъ дар ин тарҳ манофеъи режими саҳюнистӣ дар дастури кор қарор гирифт.

 

Ин тарҳ низ бо мудиряти Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ  ва фармондеҳони назири Абу Маҳди Алмуҳандис бо шикаст мувоҷеҳ шуд. Ҳоҷ Қосим мувафақ шуд гурӯҳҳои муқовимати ҷадидеро дар Сурия таъсис кунад, миёни гурӯҳҳои ҷадид ва гурӯҳҳои қадимитар инсиҷом эҷод кунад ва муқобилаи   майдони бо террористҳо ва ҳомиёни онҳоро пеш бибарад.  Ин роҳбурд бо пирӯзии комил муҳақақ шуд ва пас аз 11 сол низоми Сурия боқи аст ва амалан мавзӯъи тағиири Сурия аз дастури кор хориҷ шуд, Эрон муҳимтарин қудрати минтақаи Ғарби Осиё аст, терроризми ДОИШ  шикаст хурд ва осебпазириҳои  душманони муқовимат  дар минтақа ба хусус режими саҳюнистӣ ва Арабистони Саъудӣ низ ошкор шуд. Ин дастоварди бузурге аст, ки бо фармондеҳии  Ҳоҷ Қосим сулаймонӣ ба даст омад. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Дар   мудели дуввуми ин тарҳ низ таҳти таъсири муқовимат, пойдорӣ ва ҳузури ин ду фармондеҳ яъне Сулаймонӣ ва Алмуҳандис дар минтақа шикаст хурд.

Ин мувафақият ба ҳадде барои Амрико сангин буд, ки ба ин бовари иштибоҳ расид, ки бо террори шаҳид Сулаймонӣ метавонад раванди тақвияти муқовимат дар минтақаро муқовимат кунад. Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар ин хусус гуфт: Пас аз ин нокомии бузург ва таърихӣ, Трамп омад, Трампе, ки дид бояд алайҳи меҳвари муқовимат ҳамалаи  таиин кунанда анҷом диҳад ва ин иқдом террори фармондеҳон Сулаймонӣ ва Алмуҳандис буд. Ҳадаф аз ин террор шикастан меҳвари муқовимат, тарсондани ироқиҳо ва тазифи азои меҳвари муқовимат дар Сурия, Эрон, Лубнон ва Фаластин буд, аммо мактаби Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ бо қудрат ба роҳаш идома медиҳад. ба мардум эълом мекунам, ки мактаби Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ба лутфи ҷонишинии ӯ бо қудрат ба кори  худ ва роҳи худ идома медиҳад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп