Январ 28, 2024 10:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти паёпайи муқовимати исломии Ироқ ба пойгоҳҳои низомиёни амрикоӣ
    Ҳамалоти паёпайи муқовимати исломии Ироқ ба пойгоҳҳои низомиёни амрикоӣ

Неруҳои муқовимати исломии Ироқ дар як шаб пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Сурия ва Ироқро чаҳор бори ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар рустои Алхазро дар наздикии майдони нафти Алумри ҳадафи ҳамлаи қарор гирифтааст. Ин мақар дар устони Дерлзур воқеъ дар шарқи Сурия қарор дорад.

Бархе аз манобеи хабари аз шунида шудани садои чанд инфиҷор аз дохили ин пойгоҳ хабар медиҳанд ҳануз мушахас нест ки иллати ин инфиҷорҳо ҳамла мушакӣ аст ё паҳподи.

Шабакаи хабари ҳам Алмёдин гузориш дод ки пойгоҳи низомиёни Амрико дар майдони газӣ Кунику воқеъ дар шарқи Сурия ҳадафи ҳамлаи ракетии қарор гирифта аст.

Муқовимати Ироқ ҳам таъкӣд кард ки дар идомаи муқовимат дар баробари ишғолгарони амрикоӣ ва посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ пойгоҳи Амрико дар майдони Куникуро ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор додас аст.

Неруҳои муқовимат ҳамчунин пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар рустоӣ Харбаи Аднон воқеъ дар устони Алҳска шимоли шарқи Сурияро ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор доданд.

Пойгоҳи амрикоӣ Айнуласад дар ғарби Ироқ низ бо паҳпод ҳадаф қарор гирифт.

Барчасп