Феврал 05, 2024 18:00 Asia/Dushanbe
  • Яке аз шигифтиҳои ин давра аз мусобиқот тими миллии Тоҷикистон буд
    Яке аз шигифтиҳои ин давра аз мусобиқот тими миллии Тоҷикистон буд

Ҳаждаҳумин давраи мусобиқоти футболи қаҳрамонии Ҷоми миллатҳои Осиё ҳамчун адвори гузашта бо шигифтиву ҳаяҷон дар Қатар дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ҳаждаҳумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Ҷоми миллатҳои Осиё, ки ибтидо қарор буд дар соли 2023 дар Чин баргузор шавад, ба далели вируси корона ва паёмадҳои он сабаб шуд то ин кишвар аз мизбонии ин рақобатҳо инсироф диҳад ва дар ниҳоят Қатар ба унвони мизбон интихоб шавад. Ин мусобиқот дар ниҳоят аз рӯзи ҷумъаи 12 январи 2024 дар Қатар бо ҳузури 24 тими бартари осиёӣ оғоз шуд.

Дар марҳалаи муқаддамотии ин рақобатҳо ва аз гуруҳҳои мухталиф, тимҳои Ироқ, Фаластин, Индонезия ва Тоҷикистон бо касби натоиҷи матлуб баробари ҳарифон шинохта шуда ва бо суъуд ба марҳалаи ҳазфии мусобиқот, шигифтисоз шуданд. Бо ин ҳол дар марҳалаи ҳазфӣ то кунун тимҳои Эрон, Урдун ва Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар бо ғалаба бар тимҳои қудратманди Ҷопон, Ироқ, Австралия ва Узбакистон тавонистаанд худро ба марҳалаи ниманиҳоӣ бирасонанд.

Эрон яке аз пурифтихортарин тимҳои ҳозир дар Ҷоми миллатҳои Осиё аст ва то кунун тавониста се бор паёпай дар солҳои 1968 дар Теҳрон, 1972 дар Бангкок ва 1976 (Теҳрон) унвони қаҳрамонӣ дар ин рақобатҳоро ба даст оварад.

Тими миллии футболи Эрон то кунун се бор роҳии финали Ҷоми миллатҳои Осиё шуда ва ҳар се бор ба пирӯзӣ даст пайдо кардааст.

Ҳамин боис шуда то сайти ироқии “Winwin” лақаби «Подшоҳи финалҳо» - ро ба Эрон бидиҳад. Бо ин ҳол тими миллии футболи Ҷопон рекорддори қаҳрамонӣ дар Ҷоми миллатҳои Осиё аст. Ин тим чаҳор бор қаҳрамонӣ дар ин рақобати бузургро ба даст овардааст.

Яке аз шигифтиҳои ин давра аз мусобиқот тими миллии Тоҷикистон буд, ки дар аввалин давраи ҳузураш ба ҷамъи ҳашт тими бартар роҳ ёфт.

Ҳамчунин Урдун низ барои аввалин бор ба ҷамъи чаҳор тими бартар роҳ ёфтааст ва бо ҳазфи тими пурқудрати Ироқ ҳамагонро шиигифтзада кард.

Нуктаи муҳими дигари ин рақобатҳо наздикии сатҳи футболи тимҳои ин қорра буд.

Ҳаждаҳумин давраи мусобиқоти Ҷоми миллатҳои Қатар бо ҳузури 24 тим дар 9 варзишгоҳ аз 12 январ оғоз шуда ва то 10 феврал идома хоҳад дошт.

Мусобиқоти Ҷоми миллатҳои Осиё барои нахустин бор дар соли 1956 оғоз шуд ва аз он замон то кунун бо тағйироти зиёде мувоҷеҳ шудааст. Ба ҳамин далел Ҷоми миллатҳои Осиё қадимитарин турнаменти қораӣ дар риштаи футбол маҳсуб мешавад, ки собиқаи он аз ҷомҳои байниқораӣ дар Аврупо, Африқо ва Амрико ҳам бештар аст.

 

Барчасп