Март 12, 2024 10:42 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Фаластин дар садри авлавиятҳои ҷаҳони Ислом аст

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме зимни табрики ҳулӯли моҳи мубораки Рамазон, мавзӯъи Фаластинро дар садри авлавиятҳои ҷаҳони Ислом донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар паёми Ҳусайни Амирабдуллоҳиён омадааст: таҳаввулоти Ғазза нишон дод, ки мавзӯъи Фаластин ба унвони ормони муштараки мусулмонон ва дар садри авлавиятҳои ҷаҳони Ислом қарор дорад.

Амирабдуллоҳиён афзуд: Моҳи мубораки Рамазон метавонад фурсати мумтоз барои кишварҳои исломӣ бошад, ки дар партави иттиҳод ва ҳамгароии ҳамаҷониба, ибтикори амали муассирро ҷиҳати таваққуфи наслкушӣ ва ҷиноёти ҷангии режими апартайди саҳюнистӣ дар Ғазза ба даст гиранд.

 Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар поёни ин паём муқовимат ва мардуми Фаластинро пирӯзи аслии ин майдон донист.

 Имрӯз сешанбе аввалин рӯзи моҳи мубораки Рамазон дар Эрон аст.

 Кишварҳои Арабистони саудӣ, Қатар, Сурия, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Афғонистон, Босни ва Ҳерсгавин ва аҳли суннати Ироқ ва Лубнон рӯзи душанбе ва Индонезия, Малайзия, Австралия,Брунаи, Сингапур, шиъаёни Ироқ ва Лубнон рӯзи сешанберо аввалин рӯзи моҳи Рамазон эълом карданд.

 

Барчасп