Март 06, 2024 10:48 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Ҷидда

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳусайн Иброҳим Тоҳо, дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор вазъияти кунӯнӣ ва чашмандози ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистону Созмони Ҳамкории Исломӣ дар тамомии заминаҳои мавриди алоқаи тарафайн мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан, дар бораи чорабиниҳо ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалие, ки баргузории онҳо соли 2024 дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла вазъияти буҳрон дар Фаластин ва вазъияти инсонӣ дар Афғонистон табодули назар карданд.

 

Барчасп