Феврал 16, 2021 10:52 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои курди демократии Сурия 10 муаллимро дар Алҳасака боздошт карданд
    Нерӯҳои курди демократии Сурия 10 муаллимро дар Алҳасака боздошт карданд

Манобеи расонаӣ аз рабуда шудани 10 муаллим дар шаҳри Алҳасака, дар шимоли шарқи Сурия, тавассути нерӯҳои мавриди ҳимояти Амрико хабар доданд.

Нерӯҳои курди демократии Сурия, вобаста ба Амрико бо ҳамла ба теъдоде аз маҳаллаҳои шаҳри Алҳасака 10 муаллимро ба баҳонаи ин ки онҳо бар асоси шеваҳову барномаҳои дарсии расмии Вазорати омӯзиш ва парвариши давлати Сурия ба донишомӯзон омӯзиш медиҳанд, боздошт карданд.

Ҳафтаи гузашта низ нерӯҳои курди Сурия бо ҳамла ба шаҳри Амуда ва шаҳраки Аррамилон дар устони Алҳасака, 8 муаллимро дастгир ва ба макони номаълуме мунтақил карданд.

Бар асоси ин гузориш, ниманизомиёни мавриди ҳимояти Амрико бими онро доранд, ки тадрис бар асоси барномаи дарсии Вазорати омӯзиш ва парвариши Сурия, сохтакории амдии таърихи минтақаро, ки ин нерӯҳо саъй дар таҳмили он ба мардумро доранд, ошкор кунад.

Низомиёни амрикоӣ ва нерӯҳои таҳти ҳимояти онҳо муддатест, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар шимол ва шимолишарқи Сурия ҳузур доранд ва илова бар ғорати манобеи нафтӣ ва сарвати ин кишвар, иқдомотеро алайҳи сокинони ин манотиқ анҷом медиҳанд.

Мардуми шаҳрҳои мухталифи устони Алҳасакаи Сурия борҳо дар мухолифат бо иқдомоти нерӯҳои курди сурӣ дар ин минтақа, таҷаммуоти эътирозомез баргузор кардаанд.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп