Сентябр 04, 2023 21:53 Asia/Dushanbe
  • Воковии даргирии низомиёни озарӣ ва арманӣ ва эҳтимоли бурузи ҷанги севуми Қарабоғ
    Воковии даргирии низомиёни озарӣ ва арманӣ ва эҳтимоли бурузи ҷанги севуми Қарабоғ

Вазорати дифоъи Арманистон кушта шудани чаҳор низомии арманиро дар ҳамлаи ахири низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон тайид кард. Вазорати дифъои Арманистон асри ҷумъа 1 сентябр бо интишори баёнияи эълом кард: Дар ҷараёни ҳамлаи низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ба мавозеъи неруҳои аманӣ дар минтақаи Кулбаҷр чаҳор тан кушта шуданд.

Вазорати дифоъи Арманистон номҳои чаҳор низомии кушташударо мунташир кард. Артиши Арманистон пеш аз ин низ аз кушташудани ду низоми ва захми шудани як нафари дигар дар ҷараёни ҳамалоти ахири низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дода буд.

Вазорати дифоъи Арманистон ҳамчунин таъкид кард: Артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин ҳамал аз чандин фарванд паҳпод истифода карда аст.

Мутаъоқиби баёнияи ситоди муштараки артиши Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон низ эълом кард: Ду низомии ин кишвар дар даргирии дируз захми шуданд.

Дар ин замина кумакҳои ирсолии мардуми Фаронса ба арманиҳои Қарбоғ низ пушти постгоҳи интизомии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар долони Лочин мутавафқиф шуда ва имкони вуруд ба Қарабоғро пайдо накарда аст.

Дар ҳамин иртибот Довит Короптиён коршиноси масоили байналмилалӣ муътақид аст:

Раиси Ҷумҳурии Фаросна пешниҳод ҷидди ироа хоҳад кард, ки мумкин аст Илҳом Алиевро низ шигифзада кунад.

Ин коршиноси армани ҳамчунин изъон кард:

Фирк мекунам, ки Макрон наметавонад дар ин лаҳза пешниҳоди ироа диҳад, ки муноқишаро ҳал кунад. Тасавум мекунам, ки раиси Ҷумҳурии Фаронса қадс дорад пешниҳди барои мудирияти буҳрони инсони ироа кунад.

Довит Истопитён коршиноси масоили байналмилали ҳамчунин гуфта аст:

Азҳамакнун метавон гумон бизанам, ки қатъномаи дар шурои амнияти Созмони Милал пешниҳод хоҳад шуд. Ин қатънома қаблан дар Фигаро мунташир шуда буд мумкин аст Фаронса ба унвони як кишвари вобаста зоҳир шавад.

Ин руйдодҳо дар ҳоли дар дастури кор қарор гирифта аст, ки мақомоти давлати Илҳом Алиев ахиран бо муъарифии як ҷодаи ҷойгузин аз Одғом ба Хонганди аз давлати Арманистон ва арманиҳои Қарабоғ хостанд аз ин масири ҷадиди тарадуд кунанд.

Аммо мақомоти армани ин пешниҳоди давлати Бокуро рад ва эълом карданд: Ҳеҷ тавофуқи бо Боку дар мавриди ирсоли кумакҳои башардустона аз тариқи ҷодаи Одғом мавҷуд нест.

Тасмими қатъи армании Қарабоғ бар ин аст, ки аз ҷодаи Одғом-Хонганди истифода нашавад ва ин ҷода баста бимонад.

Дар ҳамин иртибот раиси маҷлиси миллии ҷумҳурии худхонади Қарабоғ ҳамчунин таъкид кард: Ин тасмим бо иттифоқи рай иттихоз шуда аст.

Ин мақоми баландпояи ҷумҳурии худхонади Қарабоғ дар айни ҳол дар хусуси ирсоли кумакҳои башардустона аз суи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Озарбойҷон ба амрманиҳои Қарабоғ гуфт: Ҷумҳурии Озарбойҷон як гоми сиёсии таҳрикомези дигар бардошта аст то ба ҷаҳониён нишон диҳад, ки тамоми иқдомоти мумкинро таъмин ниёзҳои мардуми Қарабоғ анҷом дода аст.

Дар ҳақиқат мақомоти армани таъкид доранд, ки агар давлати Илоҳм Алиев воқеъан нигарони вазъияти инсонӣ дар Қарабоғ аст бояд бар асоси баёнияи сеҷонибаи 9 ноябри соли 2020 амал кунад ва набояд тардуди арманиро аз тариқи каридури Лочин мамнуъ кунад.

Дар сурати таҳақуқи ин ҳадаф Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон марзи Арманистон бо Эрон масдуд хоҳад шуд ва фоҷеъаи инсонии воқеъи пас аз он дар Арманистон рух хоҳад дод.

Дар сурати таҳаққуқи ин ҳадаф истиқлол ва тамомияти арзии Арманистон ба шиддат таҳдид хоҳад шуд ва Туркия ба унвони фаъолтарин узви НАТО пас аз Амрико дар минтақаи Қафқози Ҷанубӣ ва дар маҳдудаи марзҳои Русия имкони ифои нақшҳои ҷидитар ва бозигари ба унвони як узви НАТО-ро ба даст хоҳад овард.

Бадеҳи аст, ки тарҳи таҷзияи Русия пас аз ҳузури Туркия дар Қафқоз барои Амрико ва муттаҳидонаш аз ҷумла НАТО ба унвони бозуи низоми ин кишвари султагар осонтар ва имконпазиртар хоҳад шуд.

Бо нигоҳи ба руйдодҳои оянда ба назар мерасад ҳамалоти неруҳои озарӣ ба низомиёни армани дар хусуси тамос аз аҳдофи ҷангталабонаи давлати Илҳом Алиев ва бархи тавсеяҳои бегонагон дар дастури кор қарор гирифта ва мумкин аст заминаҳои бурузи ҷанги севуми Қарабоғро фароҳам кунад.

Барчасп