Март 14, 2024 10:37 Asia/Dushanbe
  • Маҳдӯдиятҳои ҷаддиди Фаронса барои диндорон
    Маҳдӯдиятҳои ҷаддиди Фаронса барои диндорон

Давлати Фаронса қавонини ҷаддидӣ барои маҳдӯд кардани имомони ҷамоат дар ин кишвар вазъ кард .

Ба гуфтаи Жеролд Дорманн , вазири кишвари Фаронса аъимаи ҷамоат дар масоҷиди Фаронса бояд ба забони фаронсавӣ такаллум ва дар давраҳои омӯзишии секуларизм ширкат кунанд .

Афзӯн барин , Жеролд Дорманн аз забони давлати Фаронса ба кишварҳое ки имомони  ҷамоат ба Фаронса эъзом мекунанд , эълом кард, ки истихдоми имомони  ҷамоат аз кишварҳои дигар аз соли 2024 мутаваққиф мешавад .

Пеш аз ин Вазорати кишвари Фаронса ҳукми ихроҷи имоми масҷиду хатиби Тунисиро ки чиҳил сол дар ин кишвар иқомат дошт , содир карда буд .

Дини ислом имрӯзи дуюмин дини бузург дар Фаронса ба шумор меояд . Барасоси омори гузориш шуда наздик ба панҷ то шаш миллион мусалмон дар ин кишвари 60 миллион нафар зиндагӣ мекунанд .

Барчасп