Июл 12, 2021 10:50 Asia/Dushanbe
  • Пас аз 18 рӯз; Шумори аҷсоди пайдошудаи резиши сохтмони Флорида ба 90 тан расид

Дар ҳоле ки 18 рӯз аз резиши сохтмони шаҳри Майамии иёлати Флорида мегузарад, мақомҳои ин шаҳр аз афзоиши шумори ҷасадҳои пайдошуда ба 90 нафар хабар доданд.

Ба гузориши “Форс”, Даниэлла Ливайн Кава, шаҳрдори шаҳристони Майами гуфт: Ҳафтоду як нафар аз қурбониёни шиносоишуда ва ба наздикони онҳо низ иттилоъ дода шудааст.

Бахшҳое аз ин сохтмон 24 июн дучори резиш шуд ва якшанбеи ҳафтаи гузашта, ҳамзамон бо наздик шудани тӯфони гармсерии “Элза” ба ҷануби Флорида, ин бурҷи маскунии 12 табақа бо маводи мунфаҷира комилан тахриб шуд.

Пештар низ Даниэлла Ливайн Кава дар конфронси хабарӣ эълом карда буд, ҳанӯз теъдоде нопадид ҳастанд.

Мақомҳои амрикоӣ ҳанӯз дар бораи иллати аслии резиши ин бурҷи маскунии шаҳри Майами дар иёлати Флорида изҳори назаре накарда ва аз идомаи таҳқиқот хабар додаанд.

Дар рӯзҳои ахир мақомҳои маҳаллӣ дар Флорида эълом карданд, ки умеде барои ёфтани зиндаи афроде, ки ҳамчунон ҷузви гумшудагон ҳастанд, надоранд.

Бино бар гузориши расонаҳои ғарбӣ, ин бурҷи маскунӣ дорои 55 воҳиди апартаментӣ буд ва тайи соли ҷорӣ қарор буда мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп