Ҷустуҷу
-
Jun 03, 2017
Расонаҳо аз имзои протокол миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари таъйини марзҳои муштарак хабар доданд.
-
Jun 01, 2017
Муовини раиси Донишгоҳи ҷомеаи ҳамсуд дар Русия муътақид аст, ки ихтилоф бар сари обу мавзӯи аломатгузории марзҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбакистон ду монеи умда дар роҳи густариши равобити Душанбеву Тошканд аст.
-
Май 27, 2017
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо шайх Абдуллоҳ бин Зойд Оли Наҳён, вазири хориҷаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки барои сафаре расмӣ ва якрӯза вориди Душанбе шуда буд, дидор кард.
-
Май 23, 2017
Ройзаниҳои дуҷонибаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австралия дар Вазорати умури хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Май 02, 2017
Вазорати иқтисоди Тоҷикистон аз имзои ду санади ҳамкории гумрукӣ бо Узбакистон хабар дод.
-
Apr 19, 2017
Барои нахустин бор дар торихи равобити ду кишвари ҳамҷавори Тоҷикистону Афғонистон, мусобиқаи дӯстона дар риштаи варзиши валейбол миёни дастаҳои манотиқи ҳаммарзи ду кишвар баргузор шуд, ки бо пирӯзии тими ноҳияи Шуғнони Афғонистон ба поён расид.
-
Mar 28, 2017
Коршиноси мустақили масоили низомии Тоҷикистон муътақид аст, ки баргузории размоиши низомии муштараки ин кишвар ва Русия барои тақвияти тавони дифоии низомиёни русу тоҷик бисёр муҳим аст.
-
Mar 27, 2017
Размоиши низомии муштараки Тоҷикистону Русия дар вилояти Хатлон оғоз шуд.
-
Mar 27, 2017
Дар машқҳо беш аз 40 ҳазор нафар сарбозону афсарони артиши амалкунанда ва ҳарбиёни эҳтиётии артиши Тоҷикистон сафарбар мешаванд.
-
Mar 24, 2017
Вазорати дифои Тоҷикистон аз баргузории размоиши муштараки зиддитеррористии ин кишвар ва Русия дар ҳафтаи оянда хабар дод.
-
Mar 21, 2017
Сафорати Амрико дар Душанбе аз баргузории размоиши муштарак байни ин кишвар ва Тоҷикистон хабар дод.
-
Feb 18, 2017
Мақомоти Душанбе ва Остона дар нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории Тоҷикистону Қазоқистон роҳҳои густариши муносиботи ду кишварро баррасӣ карданд.
-
Feb 10, 2017
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо табрики солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ ба давлату миллати Эрон таъкид кард, ки дар 25 соли гузашта Теҳрону Душанбе дар равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои қобили тавваҷуҳ ноил шудаанд.
-
Feb 06, 2017
Тоҷикистон аз сармогузорони Қатарӣ хост, ки дар бунёди зербиноҳои ин кишвар ширкат кунанд.
-
Jan 31, 2017
Ҳайатҳое аз мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон дар дидоре чаҳоррӯза дар шаҳри Душанбе мавзӯи аломатгузории марзи муштараки ин ду кишварро баррасӣ карданд.
-
Jan 28, 2017
Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии Душанбе ва Ашқобод хабар дод.
-
Jan 28, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо муовини аввали нахуствазири натиҷаи кори Комиссияи муштараки Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ кард.
-
Jan 14, 2017
Муфтии мусалмонони Маскав Тоҷикистону Узбакистонро ба бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба сарнавишти муҳоҷирони ин ду кишвар дар Русия муттаҳам кард.
-
Dec 29, 2016
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон муҳимтарин натоиҷи ба дастомадаро дар ҷаласаи байниҳукуматии ду кишвар дар шаҳри Душанбе оғози парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар нимаи аввали соли 2017, харидани алюминиуми Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои саноатии Узбакистон ва коҳиши қимати тарофаҳои ҳамлу нақл аз тариқи роҳи оҳан эълом кард.
-
Dec 29, 2016
Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон муҳимтарин натоиҷи дар ҷаласаи байниҳукуматии миёни ду кишвар бадастомадаро дар шаҳри Душанбе эълом кардааст.