Ҷустуҷу
-
Dec 27, 2017
Маросими ба роҳи охират гусел кардани Холмурод Шарифов, вазири фарҳанги пешини Тоҷикистон имрӯз (чаҳоршанбе) дар масҷиди маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ӯ рӯзи гузашта, 26-уми декабр дар синни 91-солагӣ даргузашт.
-
Dec 27, 2017
Гурӯҳе аз фаъолони мавсум ба “Ахбор барои афкор” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли номаи саркушодае ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори мусоидати вай барои лағви тасмими Хадамоти иртиботот ва мухобироти ин кишвар шуданд.
-
Dec 27, 2017
Иқтисодшиносони тоҷик дар бораи таъсири пешниҳоди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эъломи муофияти дусолаи бахши хусусӣ аз таҳқиқ ва тафаҳҳус (назорату санҷиш) ва таъсири ин иқдом дар иқтисоди кишвар, дидгоҳҳои мутафовитеро баён мекунанд.
-
Dec 26, 2017
Додгоҳи вилояти Хатлон сокини 26 солаи шаҳри Душанберо ба иттиҳоми таъсиси шохаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар кишвар ба 20 соли зиндон маҳкум кард.
-
Dec 26, 2017
Шурои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон молиёти баҳрабардорӣ аз роҳҳоро, ки қарор буд аз имсол дигар ситонда нашавад, ҳамчунон бар ҷой гузошт.
-
Dec 26, 2017
Дар Тоҷикистон, ки узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё нест, 69 дарсад аз шаҳрвандон ба ин созмони иқтисодӣ этимод доранд.
-
Dec 26, 2017
Дабири собиқи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон бо тайиди афзоиши шибҳнизомиёни ДИИШ дар Афғонистон гуфт, Душанбе барои муқобила бо террористҳо омодагии комил дорад.
-
Dec 25, 2017
Ҳудуди 70 миллиард сомонӣ (7.9 миллиард доллар), барои иҷрои барномаи тавсеаи миёнмуддати Тоҷикистон ихтисос меёбад.
-
Dec 25, 2017
Кормандони Хадамоти давлатии гумруки вилояти Хатлон ҳангоми бозрасии мошини боркашонии як шаҳрванди Тоҷикистон, ки қасди интиқоли семент ба Афғонистонро дошт, муваффақ ба кашфи 66 зарфи 20-литрӣ шуд, ки ҳовии 1 ҳазору 400 килограмм шираи камол буд.
-
Dec 25, 2017
Ба далели рушд наёфтани хутути роҳи оҳани кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар ҳоли ҳозир гаронтарин ҳазинаи интиқоли кантинерӣ дар ҷаҳон дар ин минтақа ва бавижа дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.
-
Dec 25, 2017
Раиси Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон хостори дарёфти молиёт аз ширкати “Google”, шудааст.
-
Dec 24, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба парлумону мардуми кишвар нисбат ба вазъияти номатлуби бахши хусусӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.
-
Dec 24, 2017
Дар Тоҷикистон ҳуқуқи кормандони давлатӣ аз 10 то 15 дарсад афзоиш меёбад.
-
Dec 24, 2017
Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон, теъдоди аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистонро беш аз даҳ ҳазор нафар эълом кард.
-
Dec 24, 2017
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва намояндаи маҷлиси қонунгузории ин кишвар, ки ду бора ба раёсати ин гурӯҳ интихоб шуд, мӯътақид аст, ки ин гурӯҳ мухолифи бархе сиёсатҳои ҳукумати ин кишвар мебошад, аммо душмани давлат нест.
-
Dec 24, 2017
Коршиноси масоили сиёсии тоҷик мегӯяд, ки дар паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон ба парлумони ин кишвар бояд ҳамзамон бо ёдоварии афзоиши фасоди молӣ дар идороти давлатӣ, роҳкорҳои решакан кардани ин падида низ ироа мешуд.
-
Dec 23, 2017
Теъдоде аз муштариёни ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон дар пайи қатъи хадамоти тамоси интернетии “NGN” тасмим гирифтанд, ҳазинаҳои пардохти худро пас бигиранд. Ин буҳрон аз замоне шурӯъ шуд, ки хабари эъломи қатъи “NGN” аз сӯи давлати Тоҷикистон бар рӯй хурӯҷии расонаҳо дар ин кишвар қарор гирифт.
-
Dec 23, 2017
Марзи Афғонистон ва Тоҷикистон пас аз панҷ рӯз, бозгушоӣ шуд.