Ҷустуҷу
-
Oct 07, 2017
Вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ эълом кард, имкони дастёбӣ ба тавофуқ миёни аъзои ҷомеаи байналмилалӣ бар сари барчидани таҳримҳо алайҳи Русия вуҷуд дорад.
-
Oct 05, 2017
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи Қонуни танзими муқаррароти тавлид ва муомилоти машруботи алкулӣ, ба шаҳрвандони ин кишвар тавлиду масрафи ин навъи нӯшиданиҳоро дар шароити хона ва бидуни доштани ҳаққи фурӯши онҳо иҷоза дод.
-
Oct 04, 2017
Интишори тасовири сафири Британия дар Алҷазоир бо либоси номуносиб ҳангоми боздид аз як масҷид ва маркази омӯзиши Қуръон, муҷиби эътирози корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар шуд.
-
Sep 29, 2017
Нахуствазири Британия хостори иттиҳоди кишварҳои аврупоӣ алайҳи таҳдидҳои Русия шуд.
-
Sep 28, 2017
Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ва муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар дар дидоре дар Бишкек мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба ва аломатгузории марзи муштараки ин ду ҷумҳурии ҳамсояро баррасӣ карданд.
-
Sep 27, 2017
Раисҷумҳури Туркия дар вокуниш ба баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ тасреҳ кард: Кишвараш иҷозаи интиқоли нафти ин минтақаро аз хоки Туркия намедиҳад.
-
Sep 26, 2017
Додситонии кулли Тоҷикистон барои се ширкате, ки ба интиқоли шаҳрвандони ин кишвар барои кор ба Арабистони Саудӣ машғул буданд, парвандаи ҷиноӣ боз кард.
-
Sep 26, 2017
Вазири умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ гуфт: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико алайҳи он кишвар эъломи ҷанг кардааст.
-
Sep 22, 2017
Навои аллаи модарони эронӣ дар Ҳамоиши ширхорагони ҳусайнӣ ба ёди ҳазрати Алиасғар, кудаки шашмоҳаи ҳазрати Имом Ҳусейн, ки дар саҳрои Карбало ба дасти Язид ба шаҳодат расид, дар саросари Эрон танинандоз шуд.
-
Sep 17, 2017
Намояндаи собиқи Конгресси Амрико, истидлоли навмуҳофизакорон алайҳи тавофуқи ҳастаии Эронро дурӯғи бузург хонд.
-
Sep 14, 2017
Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Раиси ҷумҳурии Русия алоқаманд ба густариши равобит бо Эрон аст ва равобити мавҷуд метавонад пешрафтҳои бештаре дошта бошад.
-
Sep 14, 2017
Сухангӯи ширкати алюминийи Тоҷикистон –ТАЛКО аз талош барои ба 300 ҳазор тон расондани тавлиди алюминий дар ин кишвар дар соли 2020 хабар дод.
-
Sep 13, 2017
Сара Ҳокби Сандерс - сухангӯи Кохи Сафед дар идомаи рӯйкарди хасмонаи Вашингтон зидди Кореяи шимолӣ таъкид кард: Тамоми гузинаҳо дар робита бо Кореяи шимолӣ рӯйи миз аст.
-
Sep 13, 2017
Бодимҷон ба ҳар мизоҷе созгор аст ва меъдаро тақвият мекунад.
-
Sep 12, 2017
Аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пас аз баҳсу баррасии қатъномаи пешниҳодии Амрико алайҳи Кореяи Шимолӣ, ба иттифоқи оро ба афзоиши таҳримҳо алайҳи ин кишвар раъйи мусбат доданд.
-
Sep 10, 2017
Хадамоти давлати алоқаи Тоҷикистон дархости ширкати почтаи байналмилалии DHL-ро барои сабти ном дар ин кишвар рад кард.
-
Sep 10, 2017
Акшайа Кумар, узви Дидабони Ҳуқуқи Башар рӯзи шанбе мустанадоти бадастомада аз ҷиноёти давлати Миёнмор алайҳи мусалмонони руҳингиёиро “ба шакле боварнакарданӣ озордиҳандаву даҳшатнок” арзёбӣ кард.
-
Sep 09, 2017
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз сафар ба Қазоқистон барои ҳузур дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ҳавзаи илм ва фанноварӣ, аз сукути созмонҳои байналмилалӣ дар қиболи ҷиноят алайҳи мусулмонони Миёнмор ибрози таассуф кард.
-
Aug 30, 2017
Мутолиоти пажуҳишгарон нишон дода ки ҳазорон кудаки ҳассос ба тухм дучори алергияи тухмӣ шудаанд.
-
Aug 21, 2017
Изҳороти раисҷумҳури Тунис дар бораи баробарии ҳуқуқи зану мард ҳатто дар қазияи ирс, бо вокуниши тунди Шайх Алазҳар рӯ ба рӯ шудааст.