Ҷустуҷу
-
Nov 28, 2020
Мақомоти мухталифи Эрон ҳодисаи дардноки террори ноҷавонмардонаи донишманди ҳастаии Эрон ва муовини вазири дифои ин кишварро маҳкӯм ва бар гирифтани интиқоми хуни ин шаҳиди воломақом, таъкид карданд.
-
Nov 17, 2020
Сухангӯи намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ба хабари эҳтимоли ҳамлаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эрон вокуниш нишон дод.
-
Oct 28, 2020
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ҷои таъаҷҷуб дорад касоне, ки иддаои фарҳангу демокрасӣ доранд дигаронро ба хушунату хунрезӣ ташвиқ мекунанд.
-
Oct 27, 2020
Вазири умури хориҷаи Эрон бо интишори твитте ба таҳримҳои нави Вашингтон алайҳи Теҳрон вокуниш нишон дод.
-
Oct 10, 2020
Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрони бомдоди шанбе дар вокуниш ба густохии ҷадиди Доналд Трамп алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мардуми Эрон аз алфози қулдурмаобонаи режими шикасти хурда ва беқонӯни Иёлоти Муттаҳида намеҳаросанд.
-
Oct 09, 2020
Дар пайи душмании ҷадиди Амрико дар таҳрими 18 бонки эронӣ, Муҳамадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ин таҳримҳоро талоши Амрико дар аз байн бурдани каналҳои боқимондаи Эрон барои пардохти баҳои ғизову дору тавсиф кард.
-
Sep 25, 2020
Раиси қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе аз сукӯти дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар қиболи ёвагӯиҳои раиси ҷумҳурии Амрико алайҳи сардори сипаҳбуд шаҳид ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба шиддат интиқод кард.
-
Sep 24, 2020
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Арабистони саъудиро пойгоҳу хостгоҳи тафаккури гурӯҳҳои террористии такфирӣ ва ҳомии аслии молӣ ва таъминотии терроризм дар минтақа донист .
-
Aug 26, 2020
Вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷавод Зариф ба мавзеи раиси давраии Шӯрои Амният дар бораи иқдоми Амрико барои бозгардондани таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон вокуниш нишон дод.
-
Aug 17, 2020
Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс ба думболи ҳимояти қотеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мардуми мазлуми Фаластин ва маҳкум кардани тавофуқи Амороти Муттаҳидаи Араб бо режими саҳюнистӣ барои оддисозии равобит, дар ҳимоят аз Абу-Дабӣ баёния содир кард.
-
Aug 11, 2020
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин, иттиҳоми Амрико зидди Русия, Эрон ва Чин бар асоси дахолат дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2020-и Амрикоро рад кард.
-
Jul 10, 2020
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, дар сурати тамдид шудани таҳримҳои таслиҳотии Эрон бо фишорҳои Амрико, ҷумҳурии исломӣ вокуниши муносиб ва қавӣ ба он нишон хоҳад дод.
-
Jun 06, 2020
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба тозатарин изҳороти Трамп дар бораи тавофуқ бо Эрон дар саҳифаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ, навишт: Оқои Трамп, мо барағми талошҳои «зердастон»-и шумо, ба як табодули башардӯстона даст ёфтем, зимни инки мо дар замони бар сари кор омадани шумо як тавофуқ доштем.
-
Jun 05, 2020
Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба пешниҳоди раисҷумҳури Амрико барои музокира эълом кард, ин Вашингтон буд, ки музокираро тарк кард.
-
Apr 19, 2020
Дипломати баландпояи рус ба дархости вазири хориҷаи Амрико аз Шӯрои амният барои тамдиди таҳрими низомии Эрон вокуниш нишон дод.
-
Mar 19, 2020
Сафири Эрон дар Покистон гуфт: Раҳбарони ҷаҳон, махсусан кишварҳои минтақа, бояд ба иқдомоти зӯрмандонаи Амрико дар ҷилавгирӣ аз дастрасии миллати Эрон ба лавозимоти пизишкӣ вокуниши фаврӣ нишон диҳанд.
-
Mar 04, 2020
Намояндаи доими Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт, тарҳи ҳар гуна дархости равшангарӣ аз сӯйи ожонс, мубтанӣ бар матолиби ҷаълӣ, ҳеҷ тааҳҳудеро барои Эрон ҷиҳати иҷобати ин дархостҳо эҷод намекунад.
-
Mar 02, 2020
" Эрон аз ҳар таҳаввуле, ки ба сулҳ ва субот дар Афғонистон кумак кунад ва аз талошҳое, ки дар ин замина таҳти раҳбарӣ ва моликияти афғонҳо анҷом шавад, истиқбол ва ҳимоят мекунад."
-
Feb 26, 2020
Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар Twitter, дар вокунинш ба мудохилаи Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар умури дохилии Эрон навишт: Ҳанӯз ҳеҷ хабари дақиқе дар боараи ҳақиқати "Айнуласад" аз сӯи Кохи Сафед мунташир нашудааст.
-
Jan 09, 2020
Ҷумҳурии исломии Эрон дар ростои ваъдаи худ барои интиқоми сахт аз Амрико ба далели террори ноҷавонмардонаи сардор Сулаймонӣ ва ҳамроҳони вай дар Бағдод, ду пойгоҳи амрикоии Айн-Ал-Асад ва Арбил дар Ироқро мавриди ҳамалоти мушакӣ қарор дод. Ба рағми таҳдидоти қаблии Вашингтон дар бораи вокуниш чанд баробар ба ҳар иқдоми Эрон, аммо мавзеъгирии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ҳароси вайро ошкор сохт.