Ҷустуҷу
-
Jun 25, 2019
Нахуствазири Русия рӯзи душанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Эдвард Филип нахуствазири Фаронса дар шаҳри Лу-Авр шимоли ин кишвар гуфт, Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ вазъияти минтақаи ғарби Осиёро буҳронӣ кардааст.
-
Jun 24, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон баргузории конфронси иқтисодии “муомилаи қарн” дар Манома - пойтахти Баҳрайнро шармовар донист.
-
Jun 24, 2019
Мудиромили ширкати Ҳамлунақли реллии роҳи оҳани Эрон аз оғоз ба кори қатори байналмиллалии Теҳрон - Вани туркия хабар дод.
-
Jun 24, 2019
Эмомалӣ Рҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз душанбе 24 июн дар доираи сафари кории худ ба водии Рашт рафт.
-
Jun 24, 2019
Вазири умури хориҷаи Амрико дар гузориши солона дар мавриди озодии мазҳабҳо гуфт; дар ҳоли ҳозир вазъияти озодии мазҳабҳо дар Узбакистон беҳбуд ёфта ва нигаронкунанда нест.
-
Jun 22, 2019
Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ба ташкили парвандаҳои қазоӣ алайҳи худ ва ҳукми парлумони ин кишвар дар бораи ҳазфи масунияти сиёсиаш ба шиддат эътироз кард.
-
Jun 22, 2019
Муҳаммад ҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ва Мавлуд Човуш Уғлу вазири умури хориҷаи Туркия санади роҳбурдии ҳамкории муштарак имзоъ карданд.
-
Jun 22, 2019
Донишомӯзони афғонистонии муқими Эрон ба поси қадрдонӣ аз меҳмонавозии эрониён дар солҳои ғурбат суруди зебоеро иҷро кардаанд.
-
Jun 21, 2019
Бар пояи натиҷаҳои нахустин таҳқиқоти мустақили расонаӣ дар мавриди ошӯби зиндони Ваҳдати Тоҷикистон, тарроҳони ин моҷарои хунин аз аъзои ду созмони ифротии ДИИШ ва Ансоруллоҳ будаанд.
-
Jun 21, 2019
Вазорати умури хориҷаи Эрон, сафири Швейтсария ба унвони ҳофизи манофеи Амрико дар Теҳронро ба далели тааррузи Амрико ба ҳарими ҳавоии Эрон эҳзор кард.
-
Jun 20, 2019
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон тааррузи як паҳподи мутаҷовизи амрикоӣ ба фазои сарзамини Ҷумҳурии Исломиро ба шиддат маҳкум кард.
-
Jun 18, 2019
Додгоҳи олии Тоҷикистон Яъқуб Ғафуров яке аз ҷангҷӯёни гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар солҳои ҷанги дохилии ин кишварро ба иттиҳоми гаравгонгирӣ ва роҳзанӣ ба зиндони абад маҳкум ва ба Узбакистон истирдод кард.
-
Jun 16, 2019
Вазири хориҷаи Англия дар ҳоле, ки аксари коршиносон ва ширкати ҷопонии молики нафткаш иддаои зиддиэронии Амрикоро рад кардаанд, рӯзи якшанбе барои ҷалби назари раисҷумҳури Амрико, иддаоҳои вай алайҳи Эронро дар иртибот бо ҳодисаи оташ гирифтани ду нафткаш дар дарёи араб такрор кард.
-
Jun 16, 2019
Дар ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба вилояти Ҳаҷҷа, дар ғарби Яман, се кӯдаки яманӣ ҷон бохтанд.
-
Jun 16, 2019
Намояндаи режими саҳюнистӣ 3 банди баёнияи поёнии панҷумин нишасти кишварҳои узви конфронси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанберо напазируфт.
-
Jun 15, 2019
Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз, шанбе баъд аз чаҳор соли сардии равобити ду кишвар бар асари бархе суитафоҳумҳо, якдигарро дар оғӯш кашиданд ва бар беҳтар шудани муносибатҳо таъкид карданд.
-
Jun 15, 2019
Раисҷумҳури Русия дар иҷлоси СИКА дар Тоҷикистон дар бораи роҳ афтодани ҷангҳои тиҷории воқеӣ дар ҷаҳон ҳушдор дод.
-
Jun 14, 2019
Гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ масъулияти роҳандозии ошӯби ахир дар зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистонро пазируфт.
-
Jun 13, 2019
Як мақоми масъул дар устондории Хуросони Разавӣ бо ҳузур дар нишасти ҳамандешӣ дар маҳалли радио тоҷикии “Садои Хуросон” бо ишора ба нақши занон дар муваффақияти кишварҳои исломӣ гуфт: “Ҷанги имрӯзи ҷаҳон, иқтисодӣ аст ва агар нақши занон дар кишварҳои исломӣ ҷиддӣ гирифта шавад, касби муваффақият ва пирӯзӣ дур аз дастрас нест”.