Ҷустуҷу
-
Mar 09, 2024
Вазири умури хориҷаи Эрон иқдоми ширкати «МЕТА» барои инсидоди сафаҳоти Раҳбари инқилоби исломӣ дар «Инстаграм» ва «Фейсбук»-ро илова бар нақзи озодии баён, иҳонатомез, ғайриахлоқӣ ва хилофи қоида тавсиф кард.
-
Mar 09, 2024
Дарахтоне, ки тамоми умр нафсамонро тоза мекунанд, ҳатто агар хушкида бошанд, танаҳои хушкашон ҳуввияти таърихии бустонҳоямонро ба забони ҳунар барои мардум ривоят мекунанд.
-
Mar 08, 2024
Хатиби ҷумъаи Теҳрон гуфт, фаластиниёни борикаи Ғазза дар муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ пирӯз ҳастанд.
-
Mar 07, 2024
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико дар вокуниш ба тавқифи маҳмулаи нафтии кишвараш ба арзиши беш аз 50 миллион доллар аз сӯи додгоҳи ҳуқуқии равобити байналмилали Теҳрон ба нафъи беморони парвонаӣ дар Эрон, хостори озодии фаврии он шуд.
-
Mar 07, 2024
Вазири умури хориҷаи Чин, таҷовузи режими наслкуши Исроил ба борикаи Ғаззаро "нанги тамаддун" ва "ғамнома" (трагедя)и башарият дар қарни бисту якум донист.
-
Mar 07, 2024
Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар баёнияи поёнии нишасти изтирории худ дар Ҷадда, бо маҳкум кардани ҷиноёти Исроил дар Ғазза хостори таваққуфи комил ва беқайду шарти таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба ин борика шуданд.
-
Mar 07, 2024
Тоҷикистон бори дигари хостори оташбаси фаврӣ дар Фаластин шуд ва аз ҷомеъаи ҷаҳонии хост то иқдомоти муассире барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар минтақа аз тариқи гуфтугӯ анҷом диҳад .
-
Mar 07, 2024
Сироҷиддини Муҳриддин , вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти фавқулодаи Шӯрои вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷадда дар хусӯси вазъияти фоҷеъеабори Фаластин ширкат кард .
-
Mar 06, 2024
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳусайн Иброҳим Тоҳо, дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистон дидору гуфтугӯ кард.
-
Mar 05, 2024
Дар ҳоли ҳозир минтақаи Хатлон робитаҳои дуҷонибаи қавӣ бо ширкатҳои пешрави Узбакистон барқарор кардааст.
-
Mar 03, 2024
Дабири кулли Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс бори дигар хоҳони барқарории оташбас дар Борикаи Ғазза ва ирсоли кумакҳои инсонӣ ва имдодӣ ба аҳолии ин минтақаи ҷангзада шуд.
-
Mar 02, 2024
Расонаҳои мухталифи хориҷӣ дар бахшҳои мухталифи хабарӣ ва вебсайтҳои худ ба пӯшиши зиндаи баргузории интихоботи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Хубрагони Раҳбарӣ дар Эрон пардохтанд.
-
Mar 02, 2024
Ҳузури пуршӯри мардуми Эрони исломи дар ҳавзаҳои овоздеҳӣ бори дигар талоши душманонро барои таҳрими интихобот ба шикаст кашонд ва пуштвонаи мустаҳкам барои кишвар эҷод кард.
-
Mar 02, 2024
Беш аз 350 хабарнигор ва авомили хабарӣ аз 160 расона ва 20 кишвари ҷаҳон, дувоздаҳумин интихоботи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва шашумин давраи интихоботи хубрагони раҳбариро аз Эрон гузориш мекунанд ва пӯшиш медиҳанд.
-
Mar 01, 2024
Шаш узви як хонавода дар шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштсанг ҷон бохтанд.
-
Mar 01, 2024
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, агар ҳамзамон як реферандум дар Эрон ва Британия бо мавзӯи ҳимояти мардум аз низомашон баргузор шавад, тардиде нест, ки дар ин реферандум тарафи бозанда Британия хоҳад буд.
-
Mar 01, 2024
Раисиҷумҳур бо ҳузур дар шуъбаи раъйгирии Вазорати кишвар, раъйи худро ба сандуқ андохт.
-
Mar 01, 2024
Порстудей - Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз – ҷумъа, дар аввалин дақоиқи оғози раъйгирии дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва шашумин давраи Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ, бо ҳузур дар маҳалли сандуқи сайёри 110 дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ), орои худро ба сандуқ андохтанд.
-
Mar 01, 2024
Интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва шашумин давраи маҷлиси хибрагони раҳбарӣ оғоз шуд.
-
Feb 29, 2024
Дар шаҳри Душанбе, Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо Кохо Имнодза намояндаи вижаи дабирикули Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ дидору гуфтугу кард.