Январ 16, 2024 14:18 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Расидан ба ҳадафҳои исломӣ ҷуз бо ҳузури мардум имконпазир нест

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ, дар дидори имомони ҷумъаи саросари Эрон таъкид карданд, расидан ба ҳадафҳои исломӣ ҷуз бо ҳузури мардум имконпазир нест.

Бисту шашумин гирдиҳамоии саросари имомони ҷумъаи Эрон аз рӯзи шанбеи ин ҳафта дар ҳарами мутаҳҳари бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо таҷдиди мисоқ бо ормонҳои Имом Хумайнӣ ( ра ) оғоз шудааст.

 Дидор бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷа ва баргузории гирдиҳамоӣ бо ҳузури Сайид Иброҳим Раисӣ-раиси ҷумҳур аз ҷумла барномаҳои бисту шашумин гирдиҳамоии намояндагони валии фақеҳ ва имомони ҷумъаи саросари кишвар буд, ки имрӯз ( сешанбе ) ва бо дидори Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба поён мерасад.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар дидор бо имомони ҷумъаи саросари Эрон бо таъкид бар инки масъалаи мардум як асли исломӣ аст, гуфтанд: Расидан ба ҳадафҳои исломӣ ҷуз бо ҳузури мардум имконпазир нест.

 Ишон дар идома таъкид карданд : Масъалаи мардум як асли исломӣ аст.

 Машрӯҳи баёноти раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ пасонтар мунташир мешавад.

 

Барчасп