Март 31, 2021 21:32 Asia/Dushanbe
  • Санади ҳамкории Эрон ва Чин аз таърихи имзо ба муддати 25 сол иҷроӣ хоҳад буд
    Санади ҳамкории Эрон ва Чин аз таърихи имзо ба муддати 25 сол иҷроӣ хоҳад буд

Таҳримҳои густардаву фишори иқтисодии Ғарби алайҳи Эрон боиси камранг шудани тавваҷуҳ ва тавони иқтисоди кишвар барои тавсеаи баландмуддати зерсохтҳо шудааст. Албатта, дар ин солҳо Эрон низ таслим нашудааст ва бо иттико ба зарфиятҳои дохил ва тавваҷуҳ ба воҳидҳои муҳими тавлидии дохилӣ гомҳои муҳимеро бардоштааст.

Чин ба унвони дувумин иқтисоди ҷаҳон муддате аст, ки дар ростои мувозинаи қудрат бо Иёлоти Муттаҳида қарор гирифтааст ва барои таъмини маводи аввалия ва энержии мавриди ниёзаш ба дунболи ҳузури пуррангтар дар Ховари Миёна аст. Камтаваҷҷӯҳии Чин ба таҳримҳои Амрико дар заминаи хариди нафти хом дар канори санъату иқтисоди қудратманд метавонад ин кишварро як шарики иқтисодии хуб барои Эрон дар 25 соли оянда қарор диҳад.

Қарордоди тиҷории Эрон ва Чин, ки ба тозагӣ ба имзои тарафайн расидааст, барои барқарории иртиботи баландмуддат байни ду кишвар аст, аммо бояд баррасӣ кард, ки чӣ манофеъ ва чолишҳое пешорӯи ду кишвар қарор медиҳад.

Чин ба дунболи як манбаи энержии азим ва мутмаин аст то танаввӯи сабади воридотии худро афзоиш дода ва риски таҳримҳои эҳтимолӣ тавассути Амрикоро аз байн бибарад. Дар солҳои гузашта саҳми Эрон аз содироти нафт ба Чин ба 3 дарсад коҳиш пайдо кардаву Арабистон ва Русия дар ҳоли афзоиши саҳми худ дар бозори нафти Чин ҳастанд.

Дар ин қарордод Эрон мутааҳҳид мешавад манобеи ҳосили фурӯши нафти хоми мавриди ниёзи Чинро ба муддати 25 сол таъмин кунад ва дар иваз Чин низ мутааҳҳид мешавад манобеи ҳосил аз фурӯши нафтро барои тавсеаи зерсохтҳои иқтисодии Эрон, аз ҷумла санъати нафт харҷ кунад.

Бахши муқаддимаи қарордод ба шарҳи зер аст:

1 - Ду тамаддуни куҳани осиёӣ ва ду шарики наздик дар арсаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ ҳастанд, бо дидгоҳҳову манофеи муштараки бисёр дар арсаи дуҷониба ва чандҷониба будаву якдигарро шарики роҳбурдии муҳими хеш талаққӣ мекунанд.

2 - Бо барасмият шинохтани муштаракоти фарҳангӣ, чандҷонибагароӣ, ҳимоят аз ҳаққи миллатҳо барои бархӯрдорӣ аз ҳаққи ҳокимияти баробар ва модели тавсеаи бумии худ ва иштироки дидгоҳҳое мушобеҳ дар мавриди масоили мухталифи ҷаҳонӣ, ки боиси густариши равобити онҳо ба сатҳи роҳбурдии асосёфта бар манофеи мутақобил ва рӯйкарди бурд – бурд шудааст.

3 - Бо доштани равобити амиқу дӯстона аз замони барқарории равобити дипломатӣ дар соли 1971 бо заминаҳои мусоид барои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои энержӣ, зерсохт, улум ва фанновариву ғайра, раҳбарони ду тараф қавийян мутааҳҳид ба густариши равобит ва дархости барнома барои тақвияти равобит будаанд.

4 - Бо итминон аз ин ки ин санад тармимкунандаи фасле ҷадид дар сипеҳри муносиботи ду тамаддуни бузурги осиёии Чину Эрон ва гоме муассир ҷиҳати таҳаққуқи иродаи муштараки раҳбарон дар ҷиҳати таъмиқи равобити дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф дар чорчӯби ибтикори “Як Камарбанд-як роҳ” мебошад, – бо ҳадафи амалӣ шудани банди шашуми баёнияи мушорикат дар хусуси эҷоди мушорикати ҷомеи роҳбурдӣ байни ҷумҳурии халқи Чин ва ҷумҳурии исломӣ, ки январи 2016 мелодӣ мунташир шуда ва бар зарурати эҷоди механизм ва фароҳам овардани зерсохтҳои лозим барои тавсеаи ҳамкориҳо дар як чашмандози 25 сола таъкид мекунад.

Бахши тафоҳумҳо:

Банди аввал:

Савқ додани мушорикати роҳбурдии ҷомеи Чин – Эрон, асосёфта бар рӯйкарди бурд - бурд дар заминаи дуҷонибаи минтақаӣ ва равобити байналмилал.

Банди дувум:

Бо дар назар доштани зарфиятҳои азими ҳамкорӣ, тарафайн дар чорчӯби ин санад барои дастёбӣ ба аҳдофи зер ҳамкорӣ хоҳанд кард:

Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷорӣ.

Таомули муассир байни дастгоҳҳои умумии давлативу бахши хусусӣ ва манотиқи озоду вижа.

Афзоиши мизони асаргузорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, фанноварӣ ва гардишгарӣ.

Мушорикати роҳбурдӣ дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ.

Густариши ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, бахшҳои фанноварӣ ва илмӣ.

Бознигарии муассиру идомадори ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ ба манзури пирӯз шудан бар мавонеъ ва чолишҳо.

Ҳимоят аз мавозеи якдигар ва ҳамкорӣ дар ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои минтақаӣ.

Тақвияти иҷрои қонун ва ҳамкориҳои амниятӣ дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза бо терроризм.

Густариши ҳамкории низомӣ барои тақвияти зарфиятҳои дифоӣ ва роҳбурдӣ.

Ҳамкорӣ дар заминаҳои дигар.

Аҳдофи асосӣ:

Банди сеюм:

Тарафайн аҳдофи асосии ин санадро бо дар назар доштани сиёсатҳои роҳбурдии дуҷониба, зарфиятҳои ҳамкорӣ ва фурсатҳову шароити воқеӣ таҳия намудаанд.

Банди чаҳорум:

Тарафайн барои густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои ҷомеъ ҳамкорӣи хоҳанд намуд. Бархе аз ҳавзаҳои марҷаъ ба шарҳи зер мебошанд:

Энержӣ, шомили нафти хом (тавлид, ҳамл, полоиш ва амнияти таъмин), петрошимӣ (нефту химия), энержиҳои таҷдидпазир ва энержии ҳастаии ғайринизомӣ.

Бузургроҳ, хати оҳан ва иттисолоти дарёӣ ба манзури иртиқои нақши Эрон дар ибтикори камарбанд - ҷода.

Ҳамкориҳои бонкӣ бо стандарти боло, бо таъкид бар истифода аз арзҳои миллӣ, бо таъкид бар муқобила бо пулшӯӣ, муқобила бо таъмини молии терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта.

Ҳамкориҳои гардишгарӣ, илмӣ – академикӣ, фанноварӣ ва табодули таҷриба дар омӯзиши нерӯи инсонӣ, решакан кардани фақру беҳбудии вазъияти маишати мардум дар манотиқи камтар тавсеаёфта.

Банди панҷум:

Иқдомоти иҷроӣ: Тарафайн бар мабноии усулу манофеи муштарак ва мунтабиқ бар усули тиҷорат миёни бунгоҳҳои иқтисодӣ, ҳамкориҳои ҷомеи роҳбурдии худро дар тамоми ҳавзаҳо бо иҷрои иқдомоти мундариҷ дар замимаи 3 ин санад густариш медиҳанд.

Назорат ва иҷро:   

Банди шашум:

Барои ҳамоҳангӣ ва назорат бар корбурди муҳтавои ин санад тарафайн як созукор ба сарпарастии мақомоти олӣ ва зисалоҳ ба намояндагӣ аз раҳбаронашон эҷод мекунанд. Дар ин росто, намояндагони олирутба, дидорҳои солона хоҳанд дошт ва дар сурати ниёз мақомоти муртабит ҷаласоти машваратӣ бо ҳамтоёнашон хоҳанд дошт. Вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар ба унвони мақомоти масъул, бо ҳамкории дигар вазоратхонаҳо, аз ҷумла Вазорати бозаргонии Чин ва Вазорати умури иқтисод ва дороии Эрон вазифаи назорат бар иҷрои муҳтавои ин санад ва ироаи гузориши пешрафти ҳамкориро ба раҳбаронашон дар замонҳои муносиб доранд.

Банди ҳафтум:

Нафйи фишорҳои хориҷӣ

Банди ҳаштум:

Дар ростои ҳимоят аз асли чандҷонибагароӣ, тарафайн дар муқобили фишорҳои ғайриқонунии тарафҳои сеюм аз иҷрои мафоди ин санад ҳифозат менамоянд.

Мафоди ниҳоӣ

Банди нуҳум:

Ҳар гуна ислоҳ дар замимаи ин санад (мавзӯоти матраҳшуда дар бандҳои 3, 4, 5) бояд бо ризоияти мутақобили тарафайн ва аз тариқи ҳамоҳангӣ ва мушовира анҷом шавад.

Дар сурати зарурат, барои осонсозӣ дар иҷрои мавзӯоти мавриди тавофуқ тарафайн метавонанд бо ироаи пешниҳодҳо барои ислоҳ ё барӯзрасонии санади ҳозир иқдом кунанд. Ин амр набояд бар иҷрои пружаҳои тавофуқшуда таъсир бигузорад ё монеъ шавад.

Замимаҳои ин санад ҷузви ҷудонашудании он маҳсуб мешаванд. Ин санад аз таърихи имзо ба муддати 25 сол иҷроӣ хоҳад буд.

Ин тафоҳумнома дар ибтидои кор як барнома аст, ки бар асоси ин мафоди матраҳшудаи стратегии Эрон як бозии бурд - бурд дар шароити таҳримии иқтисоди Эрон аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп