Ҷустуҷу
-
Oct 20, 2022
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ пешрафтҳои 4 даҳҳаи ахир Эронро нишондиҳандаи сиҳати таҳлили Инқилоб аз ҷаҳон дар муқобили таҳлили ғарбгароҳо донистанд.
-
Sep 29, 2022
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон мегуяд: Нерӯҳои низомии Ҷумҳурии Озарбойҷон бояд аз хоки Арманистон хориҷ шаванд ва ба мавозеъи авалияи худ бозгарданд.
-
Sep 08, 2022
Ҷанг бар сари энержи шиддат шуда аст Аврупо дар ҳоле, ки нигарони таъмини манобеъи энержи мавриди ниёзи худ ба вижа газ дар зимистон аст талош мекунад то бо таъини нарх барои воридоти газ аз Русия ҳамчунон Маскавро таҳти фишор қарор диҳад аммо акнун ин мавзуъ сабаби эҷоди ихтилоф миёни аъзои Иттиҳодияи Аврупо шуда аст.
-
Aug 04, 2022
Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе бо судури баёнияе Амрикоро ба дахолати мустақим дар ҷанги Украина муттаҳам кард ва гуфт, ҷосусони амрикоӣ ва низомиёни ин кишвар ба таври мустақим дар ҷанги Украина ҳузур доранд ва ба омӯзишу ҳамоҳангии неруҳои низомӣ алайҳи Русия мепардозанд.
-
Jun 09, 2022
Вазири умӯри хориҷаи Покистон зимни таъкид бар лузӯми талоши муштараки ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои расидагӣ ба буҳрони инсонӣ ва иқтисодии Афғонистон, озодсозии дороиҳои тавқиф шуда ин кишварро аз тарафи Амрико хостор шуд.
-
Май 28, 2022
Николай Потрушев дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт: Амрико ва муттаҳидони он кишвар боиси эҷоди хисоратҳои қобили таваҷҷуҳе ба Афғонистон шудаанд ва бояд ҳазинаи бозсозии онро бар ӯҳда бигиранд.
-
Apr 30, 2022
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар суханронии телевизиони ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо бар шумурдани нишонаҳои бисёр умедбахш аз пеширӯ будани ояндаи мутафовит ба нафъи мардуми Фаластин аз ҷумла густариши майдони муқовимат ба кулли Фаластин ва дар муқобил заъиф шудани режими ишғолгар ва ҳомии асли он яъне Амрико, ҳаводиси солҳои ахири Фаластинро ба маънои ботил кардани ҳамаи тарҳҳои созиш бо режими саҳюнистӣ медонистанд.
-
Apr 26, 2022
Эммануэл Макрон рӯзи 24 апрел пас аз баргузории дуввумин даври раёсат ҷумҳурии Фаронса бо касби аксарияти оро бори дигар ба раёсат ҷумҳурии ин кишвар интихоб шуд ва бадин тартиб 5 соли дигар раёсатии ин кишвари бузурги аврупоиро дар даст хоҳад дошт.
-
Apr 04, 2022
Бо гузашти беш аз як моҳ аз ҷанги Украина,таъсироти иқтисодии он шароитро барои бисёре аз кишварҳои аврупоӣ сахт кардааст ба тавре, ки Олмон бузургтарин иқтисоди Аврупо тайи ҳафтаҳои ахир болотарин нархи таварум тайи 30 соли гузаштаро таҷрӯба кардааст.
-
Mar 30, 2022
Даври ҷадиди музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи сешанбе дар Истанбули Туркия баргузор шуд.
-
Mar 03, 2022
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе бо таъкиди муҷаддад бар лузуми ғайри низомӣ шудан ва халъи силоҳи Украина, гуфт, дар марҳалаи баъдӣ мардуми ин кишвар худ бояд сарнавишташонро таъйин кунанд.
-
Jan 24, 2022
Равобити Украина ва Олмон бар сари изҳороти ҷанҷолии фармондеҳи нерӯи дарёии Олмон ва низ имтиноъи Берлин аз тадоруки таслиҳотии Киев дучори таниш шудааст.
-
Jan 05, 2022
Сарони панҷ қудрати ҳастаӣ бо содири баёнияи муштарак бар ҷилвагирӣ аз ҷанги ҳастаӣ ва дурӣ аз рақобати таслиҳотӣ таъкид карданд.
-
Dec 21, 2021
Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе ба муносибати хориҷ шудани расмии ин кишвар аз Паймони осмонҳои боз (Treaty on Open Skies), далоили ин тасмимгирӣ ва паёмадҳои ҷиддии вазъияти кунуниро ташреҳ кард. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки короӣ ва муассир будани ин паймони амниятии байналмилалӣ бидуни мушорикати ду тарафи амрикоӣ ва русӣ дар он, ба шиддати таназзул пайдо карда ва ҳавзаи корбурдии он ба мизони 80 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
-
Dec 16, 2021
Сиёсатҳои як соли гузаштаи раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ба вижа дар заминаи поён додан ба муноқиша бо Арманистон мухотироти кишварҳои минтақаи Қафқози ҷанубиро ташдид ва кишварҳои ҳошияи ин минтақаро бо таҳдидҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад сохт. Илҳом Алиев-раиси ҷумҳурии Озарбойҷон дар идомаи раванди тасмимгирии сиёсатҳои номуносиби минтақаии худ, бори дигар таҳдиди ҷиддитареро алайҳи кишварҳои мустақили минтақа бахусус Эрону Русия матраҳ кардааст.
-
Dec 14, 2021
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал дар давоздаҳумин ва ҷадидтарин гузориши худ аз раванди иҷрои қатъномаи 2231 Шӯрои амният бо истиқбол аз музокироти Вена миёни Эрону гурӯҳи 1+4 бар зарурати рафъи таҳримҳои ҳастаии якҷонибаи Амрико алайҳи Эрону баҳрамандии Теҳрон аз мазоёи иқтисодии БарҶом таъкид кард ва ба изҳор дошт, ки рафъи таҳримҳои муртабит бо ҳавзаи нафтии Эрон, фароянди эҳёи БарҶом-ро тасҳил хоҳад кард.
-
Dec 13, 2021
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, субҳи якшанбе дар дидори ҷамъе аз парасторону хонаводаҳои шуаҳидони мудофеъи саломат, бо табрики вилодати ҳазрати Зайнаб (а) ва рӯзи парастор ба яко-яки парасторону фаъолони ҳавзаи дармон ва саломат, сабру бурдбории ҳазрати Зайнаб (а) дар муқобили мусибатҳоро ғайриқобили тавсиф хонданд.
-
Dec 09, 2021
Раисони ҷумҳурии Эрону Туркия дар гуфтугӯии телефонӣ бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи иқтисодӣ ва мубориза бо тероризм таъкид карданд.
-
Dec 08, 2021
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯзи сешанбе бо Ҷо Байден, ҳамтои амрикоии худ ба шакли маҷозӣ ва аз тариқи видеоконфронс дидор кард. Раисони ҷумҳурии ду кишвар дар бораи масоили мухталифе ба баҳс пардохтанд.
-
Май 01, 2026
Тудей — Вазири умури хориҷаи Эрон ба муносибати Рӯзи миллии Халиҷи Форс навишт: «Ба кор бурдани ҳар номи дигаре ба ҷойи Ҳурмуз, бетардид як "иштибоҳи бисёр бад" аст».