Ҷустуҷу
-
Май 19, 2024
Эрон ва Туркия дар марҳалаи ҷадиде аз ҳамкориҳои дуҷониба , ба интиқоли мутақобили барқу тиҷорат дар заминаи интиқоли нерӯ иқдом мекунанд .
-
Май 19, 2024
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон банди марбут ба ҷазоири сегонаи эронии воқеъ дар халиҷи Форс, мундариҷ дар баёнияи сивусеюмин нишасти сарони Иттиҳоди Араб дар Баҳрайнро қобили қабул надонист ва онро маҳкум кард.
-
Май 13, 2024
150 намуна китобҳои бадеъӣ, илмӣ ва таърихии интишороти Тоҷикистон ба намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон пешниҳод шуд.
-
Май 13, 2024
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ҳузур дар сиву панҷумин намоишгоҳи байналмилалии Китоби Теҳрон ба муддати 3 соъат аз ғурфаҳои мухталифи китоб боздид карданд .
-
Май 06, 2024
Мудири кулли ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои ширкат дар конфаронси байналмилалии ҳастаӣ ва музокирот бо мақомоти олиирутбаи ҳастаӣ ва сиёсии Эрон дар садри ҳайатии ворид Теҳрон шуд.
-
Май 01, 2024
Раиси Созмони миллии стандарти Эрон дар дидор бо намояндагони стандарти Покистон бар тавсеаи равобити тиҷорӣ байни ду кишвар таъкид кард.
-
Apr 27, 2024
Шашумин намоишгоҳи байналмилалии тавонмандиҳои содиротии Ҷумҳурии исломии Эрон ( Эрон Экспо 2024 ) субҳи имрӯз ( шанбе ) оғоз шуд .
-
Apr 26, 2024
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон бо Меҳдии Зейғамӣ, муовини вазири саноеъ, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.
-
Apr 19, 2024
Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, амалиёти танбеҳии “Ваъдаи содиқ” як посухи мувозин, вокуниши ҳаддиақалӣ ва як “Тӯфонулақсо”-и эронӣ буд.
-
Apr 14, 2024
Дар пайи мавозеи ғайримасъулонаи бархе мақомоти се кишвари Британия, Фаронса ва Олмон дар қиболи посухи мутақобили Ҷумҳурии исломии Эрон ба иқдомоти режими саҳюнистӣ зидди атбоъ ва манофеи Эрон, сафирони ин кишварҳо дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуданд.
-
Apr 07, 2024
Сафири Чин дар Теҳрон дар поёни маъмурияти диплумотикаш дар дидор бо вазири умури хориҷа бар азми кишвараш барои таъмиқи беш аз пеши равобит бо Эрон таъкид кард.
-
Apr 05, 2024
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар зиёфати ифтор бо сафирони кишварҳои исломии муқими Теҳрон гуфт, ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои исломӣ дар дастури кори Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
-
Mar 29, 2024
Хатиби намози ҷумъа Теҳрон гуфт, ҷиноёти фаҷеъи саҳюнистҳо дар ҳамла ба борикаи Ғазза нишондиҳандаи аҷзу нотавонии ин ҷинояткорон аст.
-
Mar 26, 2024
Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) баъд аз зуҳри имрӯз (сешанбе) бо сафар ба Теҳрон бо Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон дидору дар бораи таҳаввулоти Ғазза гуфтугӯ кард.
-
Mar 22, 2024
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Покистон аз Амрико ба хотири изҳороти мудохилаҷуёнаи мақоми амрикоӣ дар хусуси ҳамкориҳои Теҳрон ва Исломобод дар ҳавзаи энержи интиқод кард.
-
Mar 21, 2024
Ойини ифтитоҳияи сиву якумин давраи намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд .
-
Mar 15, 2024
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон масъалаи аввали ҷаҳони Исломро масъалаи Ғазза ва Фаластин донист.
-
Mar 14, 2024
Саъдуллоҳ Гулмуродӣ-довари тоҷикистонии мустақар дар утоқи var барои шаҳроварди пойтахти Эрон, ки рӯзи гузашта байни дастаҳои Истиқлоли Теҳрон ва Персполис дар ҳафтаи бистуми Лига бартари фасли 1403-1402 баргузор шуд, гуфт: Хеле хушҳолам,ки аз ҷониби Федератсияи футбол барои ҳузур дар шаҳровард(дерб)ии 103-уми Теҳрон даъват шудам.
-
Mar 11, 2024
Дар остонаи иди Навруз оғози соли 1403 шамсӣ маросими ҷашни наврузи осмонӣ бо ҳузури ҷамъи аз андешмандон ва фаъолони фарҳангӣ дар муассисаи фарҳангии ЭКО-и Теҳрон баргузор шуд.
-
Mar 11, 2024
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт: Ному осори Ҳаким Низомӣ ҳалқаи васли кишварҳо ва миллатҳои минтақа ва ҳамаи форсизабонони ҷаҳон аст.