Ҷустуҷу
-
Май 18, 2017
Раиси ҳайати назорат бар интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон дар хориҷ аз кишвар гуфт, дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар 102 кишвару 310 шуъба баргузор мешавад.
-
Май 18, 2017
Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа, 19-уми май аз соати ҳашт то 18 дар сафоратхонаҳои Эрон дар кишварҳои Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон баргузор мешавад.
-
Май 18, 2017
Замони таблиғоти номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон соати ҳашти субҳи рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ поён ёфт.
-
Май 18, 2017
Бино ба иттилои ҳайати иҷроии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳавзаи Тоҷикистон, дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар рӯзи ҷумъа, 29-уми урдубиҳиштмоҳи 1396, баробар бо 19-уми майи соли 2017, ҳамзамон дар саросари Эрон ва 102 кишвари дигари ҷаҳон ва аз ҷумла дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
-
Май 17, 2017
Вазири кишвари Эрон гуфт, бар асоси охирин назарсанҷии муътабар 72 дарсад аз мардуми Эрон дар интихоботи рӯзи ҷумъа ширкат мекунанд ва пешбинӣ мешавад дар даври рӯзи оянда ин теъдод афзоиш ёбад.
-
Май 17, 2017
Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, номзади дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи сешанбе дар баёнияе канорагирии худро аз идомаи рақобатҳои интихоботии раёсати ҷумҳурӣ ба нафъи Ҳасани Рӯҳонӣ, дигар номзади ин интихобот эълом кард.
-
Май 16, 2017
Раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон дар баёнияе таъкид кард, мардуми Эрон рӯзи баргузории интихобот нишон медиҳанд, ки дар роҳи ҳифзу ҳимоя аз низоми исломӣ мусаммам, бонишот ва муттаҳид ҳастанд.
-
Май 16, 2017
Номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар барномаҳои мухталифи таблиғотӣ барномаҳои ояндаи худро барои мардум ташреҳ карданд.
-
Май 15, 2017
Муҳаммадбоқири Қолибоф аз номзадҳои интихоботи раёсат Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нафъи Сайид Иброҳими Раисӣ- номзади Ҷиноҳи усулгаро аз рақобатҳои интихоботӣ, канорагирӣ кард.
-
Май 15, 2017
Сафирони ҷумҳурии исломии Эрон дар Англия ва Зеландияи Нав аз омода будани шароит барои баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар ин ду кишвар хабар доданд.
-
Май 11, 2017
Роҳҳалли хуруҷ аз буҳрони иқтисодӣ ва мавзуи бекорӣ ҳамчунон шиори таблиғотии шаш номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон аст. Номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе низ дар барномаҳои таблиғотӣ, аҳдофу рӯйкардҳои отии худро ташреҳ карданд.
-
Май 10, 2017
Раиси Ситоди интихоботи Эрон эълом кард, 56 миллиону 410 ҳазору 234 эронӣ ҳаққи раъй додан дар интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ ва панҷумин давраи шӯроҳои исломии шаҳру русторо доранд.
-
Май 09, 2017
Шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ дар интихоботи зудҳангоме раисҷумҳури ояндаи худро аз миёни 13 номзад интихоб мекунанд.
-
Май 08, 2017
Эммануэл Макрон, номзади мустақил дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса бо шикасти Марин Ле Пен, номзади ростгарои ифротӣ ба унвони раиси ҷумҳурии ҷадиди ин кишвар интихоб шуд. Макрон бо касби 65,1 дарсади оро дар муқобили Марин Лё Пен бо касби 34, 9 дарсад ба кохи Элиза роҳ ёфт.
-
Май 08, 2017
Эммануэл Макрон-номзади мустақил дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса бо шикаст додани Марин Ли Пен, номзади Ҷабҳаи Миллии ин кишвар ба унвони ҳаштумин раисиҷумҳури Фаронса интихоб шуд.
-
Май 07, 2017
Шаш номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар барномаҳои мухталифи таблиғотии худ, бархе аз муҳимтарин барномаҳои худро дар ҳалли мушкилоти кунунии Эрон эълом карданд.
-
Май 07, 2017
Раъйгирии даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса, соати ҳашти субҳи имрӯз (якшанбе) ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.
-
Май 04, 2017
Порлумони Британия барои баргузории интихоботи зудҳангом дар ҳаштуми июн, бо эъломи нахуствазир ба таври расмӣ барҳам хурд.
-
Май 03, 2017
Давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар чаҳор шаҳри кишвари Чин баргузор мешавад.
-
Нахустин мунозираи интихоботӣ, ҳалли мушкилоти ҷавонон ва иштиғол, пешдаромади ҳалли масоили иҷтимоӣ
Apr 29, 2017Нахустин мунозираи шаш номзади давоздаҳумини давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ба муддати се соат дар бораи масоили иҷтимоӣ дар ду бахш баргузор шуд ва номзадҳо дар мавзуъҳои мухталифи иҷтимоӣ назарот ва то ҳудуде барномаҳои худро ироа карданд.