Ҷустуҷу
-
Dec 21, 2016
Вазорати хазонадории Амрико эълом кард, ки ҳафт шахсияти ҳақиқӣ, ҳашт шахсияти ҳуқуқӣ ва ду киштӣ ба феҳристи таҳримҳои Амрико зидди Русия афзуда шудааст.
-
Dec 21, 2016
Вазирони хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия дар баёнияе муштарак, ҳимояти се кишварро аз ҳокимияти истиқлол ва тамомияти арзии Сурия ба унвони як давлати чанднажодӣ, чандмазҳабӣ, ғайрифирқаӣ ва демократӣ эълом карданд.
-
Dec 21, 2016
Сафорати Русия дар Тоҷикистон тадобири амниятиро дар атрофи сохтмони ин сафоратхонахо афзоиш додааст.
-
Dec 21, 2016
Вазири умури хориҷаи Туркия рӯзи сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҷон Керрӣ, ҳамтои амрикоии худ, гурӯҳи Фатҳуллоҳ Гулен мавсум ба "ФЕТО"-ро ба даст доштан дар террори Андрей Карлов, сафири Русия дар Анкара муттаҳам кард.
-
Dec 21, 2016
Ҷасади Андрей Карлов, сафири Русия дар Анкара, ки душанбеи гузашта террор шуд, бо баргузории маросиме бо ҳавопаймо ба кишвараш интиқол ёфт.
-
Dec 20, 2016
Полиси Туркия панҷ мазнунро, ки аз аъзои хонаводаи омили террори сафири Русия дар Анкара ҳастанд, ба иттиҳоми даст доштан дар ин иқдоми террористӣ боздошт кард.
-
Dec 20, 2016
Тоҷикистон терори сафири Русия дар Туркияро шадидан маҳкум кард.
-
Dec 20, 2016
Нахустин шумораи рӯзномаи "Гул", вижаи занони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ ба чаҳор забони тоҷикӣ, ӯзбакӣ, русӣ ва қирқизӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мунташир шуд.
-
Dec 20, 2016
Дар ҳоле, ки равобити Маскав ва Анкара дар моҳҳои ахир рӯ ба беҳбуд гузошта буд, террори сафири Русия дар Анкара сархати ағлаби расонаҳои минтақа ва ҷаҳон шуд.
-
Dec 20, 2016
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон террори сафири Русия дар Туркияро ба шиддат маҳкум кард.
-
Dec 20, 2016
Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия ба зарби гулӯлаи як муҳоҷими мусаллаҳи ношинос кушта шуд.
-
Dec 19, 2016
Шӯрои муфтиҳои Русия дар баёнияе эълом кард, ки қасд дорад як шабакаи телевизиони моҳвораии вижаи мусулмонон роҳандозӣ кунад.
-
Dec 19, 2016
Тибқи бархе гузоришҳо, беш аз як миллион нафар коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия фаъолият мекарданд, ки дар давоми ним соли ахир беш аз 50 дарсади онон ба Тоҷикистон бозгаштаанд.
-
Dec 18, 2016
Устоди мактаби Олии иқтисоди Русия муътақид аст, ки далоили умдаи истиқбол аз коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар ин кишвар, дурӣ аз хӯрдани нӯшокиҳои спиртӣ, масъулиятпазирӣ, ҷиддӣ будан дар кор ва қонеъ будани ин афрод мебошад.
-
Dec 17, 2016
3-юмин гирдиҳамоии солонаи Эроншиносон, устодони забони форсӣ ва аъзои аршади Иниститути шарқшиносии Русия дар Маскав баргузор шуд. Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, даҳҳо нафар аз Эроншиносон ва устодони забони форсӣ аз саросари Русия дар ин гирдиҳамоии солона ширкат карданд.
-
Dec 17, 2016
Раисиҷумҳури Қазоқистон густариши ҳамкориҳо бо Русия, Чин, Амрико ва Иттиҳоди Аврупоро авлавияти сиёсати хориҷии он кишвар эълом кард.
-
Dec 16, 2016
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия муносиботи кунунии ду кишварро дар ҳамаи заминаҳо дар тӯли торих бесобиқа донист.
-
Dec 15, 2016
Вазири корҳои дохилии Русия аз даромади 38 миллиарди рубл ба буҷаи давлати ин кишвар аз ҳисоби фурӯши муҷаввиз кор ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон тайи соли ҷорӣ хабар дод.
-
Dec 14, 2016
Вазири энержии Русия аз музокира барои фурӯши ҳавопаймои Суперҷет ба Эрон хабар дод.
-
Dec 14, 2016
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷаъли асноди муҷаввизи иқомати муваққат, аз муҳоҷирини корӣ маблағситонӣ кард.